Мулоқот бо сокинони Ванҷ

№8 (4114) 14.01.2020

Ҷиҳати ташвиқу татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар деҳоти ба номи Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода бо сокинон доир гардид.

Зикр шуд, ки масъалаҳои рақобатпазир гардонидани соҳаи сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонӣ, омода намудани мутахассисони забондон, бархӯрдор гаштан аз фарҳангу таърих, технологияҳои муосир дар Паём махсус таъкид гардид. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба хотири рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ, муаррифии ҳар чӣ бештари кишвар, сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон ва дигар идораву созмонҳои ғайридавлатӣ бояд аҳлона фаъолият намоянд.

- Дар ин робита Пешвои миллат ба вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ҳадафи ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон раводиди навъи сайёҳии бисёркарата ба муҳлати то 60 рӯз ба шаҳрвандони хориҷӣ ва баҳри рафтуомади ҳамватанони бурунмарзии зодагони Тоҷикистон раводиди бисёркаратаи сесоларо ҷорӣ намоянд, – иброз дошт Н. Абдуғаффорзода.

Дар вохӯрӣ, инчунин, оид ба масоили азхудкунии донишҳои замонавӣ, ташвиқи наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва дигар нуктаҳои дар Паём зикргардида сухан рафт.

М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»