Мулоқоти адибон бо хизматчиёни ҳарбӣ

№162 (3463) 28.11.2015

Бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон имрӯзҳо дар саросари кишвар вохӯрии адибон ва олимон бо хизматчиёни ҳарбӣ идома дорад.

Ҳайате, ки таҳти роҳбарии шоир ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик, сармуҳаррири нашрияи миллии Тоҷикистон «Садои Шарқ» Рустами Ваҳҳоб ба ноҳияи Рашт омада буд, дар дараи хушманзараи Камаров, маҳаллаи Эмом Муҳиддин ва Сомониёни шаҳраки Ғарм вохӯриҳо гузаронид. Афсарон ва аскарон бо рағбат ба суханронии Рустами Ваҳҳоб, Шаҳлои Насриддин, Ҷамолиддин Сайфиддинов, Маҳмуди Шодӣ гӯш доданд. Онҳо оид ба  мавзӯъҳои Парчами коваёнӣ, таърихи парчамдории тоҷикон, ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва дифоъ аз дастовардҳои замони истиқлолият ва ғайра суҳбат намуданд.

Рустами Ваҳҳоб аз ашъори ватандӯстонааш порчаҳо қироат кард. Сипас, хизматчиёни ҳарбӣ шеърҳо хонданд. Ҳатто афсарон ва аскароне  буданд, ки аз эҷодиёти худ чанд пора шеър хонда, вохӯриро  ба як маҳфили ҳақиқӣ табдил доданд.

Дар хотима фармондеҳи Баталиёни тирандози савораи кӯҳӣ подполковник Нуриддин Маҳмадшоев ва муовини фармондеҳи раёсати ин мақомот подполковник Мухтор Зарифов барои ташкили чунин як вохӯрии судманд изҳори миннатдорӣ карданд. Онҳо иброз доштанд, ки ташкили чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва фарҳангию сиёсии хизматчиёни ҳарбӣ манфиатовар аст.

 

***

Вохӯрии навбатии адибон дар деҳоти «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз ва деҳаи Лухарвии ноҳияи Тавилдара бо хизматчиёни ҳарбӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Вохӯриро муовини сардори қисми ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ подполковник Мухтор Зарифов ифтитоҳ намуд. Шоир ва адабиётшиноси варзидаи тоҷик Рустами Ваҳҳоб дар атрофи муқаддасоти миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, хизматҳои Сарвари давлат дар рушду нумӯи кишвар суханронӣ кард ва оид ба мавзӯи Ватан аз ашъори тозаэҷодаш барои афсарону аскарони қисми ҳарбӣ порчаҳо қироат намуд.

Сипас, афсарону аскарон низ дар мавзӯъҳои Ватан, Модар, Тоҷикистон шеърҳо хонданд. Бояд тазаккур дод, ки дар қисмҳои ҳарбӣ китобхона ва қироатхонаҳо ташкил карда шудааст. Аскарон имконият доранд, ки лаҳзаҳои озод буданашон ба китобхонӣ машғул шаванд.

Фармондеҳи қисми ҳарбӣ дар мавзеи Сағирдашт  подполковник Шоҳин Ҳафизов ва  фармондеҳи қисми ҳарбии Лухарвӣ майор Насим Мирзоев барои ташкил намудани чунин вохӯрӣ ва суҳбати муфид изҳори миннатдорӣ намуданд.

 Диловари МИРЗО, «Садои мардум»