Мулоқоти сарони кишварҳои аъзои СҲШ ва СААД роҷеъ ба масъалаи Афғонистон

№117 (4379) 18.09.2021

Баъди анҷоми кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар толори «Зарандуд»- и «Кохи Наврӯз» таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД ва СҲШ мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар мавзӯи Афғонис­тон баргузор гардид.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба зарурати ҳалли қазияи Афғонистон ҷалб намуданд.

Дар мулоқот оид ба қазияи Афғонистон, ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқис­тон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизис­тон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ суханронӣ карданд.

Иштирок ва суханронии сарони давлатҳои Россия Владимир Путин, Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ва Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар масъалаи Афғонистон аз тариқи фосилавӣ сурат гирифт.

Пас аз анҷоми кори ҳамоишҳои сатҳи олӣ аз рӯи натиҷаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар мавзӯи Афғонистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

www.president.tj