Мурғоб ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст

№23 (3973) 28.02.2019

DCIM100MEDIADJI_0013.JPGЧанде пеш сокини ноҳия­и Мурғоб, рӯзноманигор ва тарҷумони шинохта Султон Парманов меҳмони идораи рӯзномаи «Садои мардум» шуд ва аз ӯ хоҳиш намудем, ки оид ба дастовардҳои солҳои охир ва нақшаҳои минбаъда маълумот диҳад.

Номбурда дастпарвари шуъбаи журналистикаи факултети филологияи Университети давлатии Қирғизистон ба номи 50-солагии ИҶШС мебошад. Пас аз хатм (1979) дар вазифаҳои котиби якуми кумитаи комсомоли ноҳияи Мурғоб ва инструктори шуъбаи идеологии кумитаи Ҳизби коммунисти ВМКБ кор кардааст.

Солҳои 1998–2015 сармуҳаррири рӯзномаи «Сарыкол»-и ноҳияи Мурғоб буд. Алҳол ба корҳои эҷодӣ машғул аст ва повесту ҳикояҳои адибони кишварро ба забони қирғизӣ тарҷума мекунад.

- Агар имрӯз ба Мурғоб сафар кунед, ободкории солҳои охирро мебинед. Ноҳия бо шарофати дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симояшро ба таври шинохтанашаванда тағйир додааст. Ба хотири ободонӣ ва некуаҳволии халқ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ чанд қарору барнома, аз қабили Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои 2005-2009», «Барномаи рушди соҳаи қӯтоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008- 2015», «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016-2020» ва «Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026» ва ғайра қабул шудаанд, ки ба амалӣ шудани орзую армонҳои мардум мусоидат карданд ва мекунанд, – бо шавқ суҳбатро оғоз бахшид меҳмон.

- Соли гузашта, — гуфт ӯ, — 13 сентябр Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба боду ҳавои номусоид, бориши борони сахт нигоҳ накарда, ба ноҳия ташриф оварданд. Ҳар як сафари Пешвои миллат боиси ободкорӣ ва созандагии нав мегардад. Ин навбат Сардори давлат ба кори ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» (пештара НБО-и «Оқсу») ҳусни оғоз бахшиданд. Баъд аз таҷдиду азнавсозӣ иқтидори неругоҳ аз 800 кВт ба 1500 кВт расид.

Ҳамчунин, Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон биноҳои дуошёнаи маъмурии МИМҲД-и ноҳия ва сеошёнаи шуъбаи ҳифзи муҳити зистро ифтитоҳ намуданд. Дар ошёнаи якуми бино осорхонаи «Гӯсфанди Марко Поло» кушода шуд ва Президенти ҷумҳурӣ аз экспонатҳои он дидан намуданд. Дар ошёнаи дуюм утоқҳои корӣ, ошёнаи сеюм меҳмонхонаи замонавӣ барои сайёҳон ва шикорчиён ҷой гирифтааст.

Дар арафаи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бинои дуошёнаи Ҷамоати деҳоти «Мурғоб» мавриди истифода қарор гирифт.

Дар мавзеи Якҷилваи деҳоти «Аличур» аввалин корхонаи калони саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Корхонаи ғанигардонии маъдани нуқра ба кор шурӯъ кард. Ин боис гардид, ки 195 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гарданд.

«Дар тӯли бисту ҳафт соли истиқлолият дар ноҳияи Мурғоб аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун ба маблағи умумии 284 миллион сомонӣ зиёда аз 140 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфрастохторӣ бунёду азнав­созӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст ва 70 фоизи маб­лағҳои азхудшуда танҳо ба се соли охир рост меоянд», — иброз дош­танд зимни суханронӣ Президенти мамлакат дар назди сокинони Мурғоб.

Ободкориҳо, албатта, рӯҳи касро болида мегардонанд, хоса ба эҷодкорон рӯҳу илҳом мебахшанд. Ин буд, ки аз авгус­ти соли 2018 китоби нави банда бо номи «Куна Қурған» («Қурғони кӯҳан») аз чоп баромад, ки ба 30-солагии Ҷамоати деҳоти ба номи Ғожо Бердибоев бахшида шудааст.

Ҳикояи нави нависанда Равшани Махсумзод — «Интиқом»-ро ба забони қирғизӣ тарҷума кардам, ки дар рӯзномаи ноҳиявии «Сарыкол» чоп шуд. Ҳамчунин, китоби дарсии «Санъати тас­вирӣ» барои синфҳои 5-6-ро аз тоҷикӣ ба қирғизӣ тарҷума намудам.

Ҳоло маҷмӯи мақола, ёд­дошт ва тарҷумаҳоямро ба чоп омода сохтам ва ният дорам, ки соли равон ба дасти хонанда расонам.

Бо муҳити эҷодии шаҳрҳои Ош ва Бишкек хуб шинос ҳас­там. Пеш аз сафари Душанбе дар шаҳри Бишкек будам ва бо ҳамкурсам — нависанда, адабиёт­шинос, журналист ва тарҷумони шинохтаи қирғиз Абибилло Пазилов вохӯрдам. Он кас дастнависи «Охирин мусоҳиба бо Чингиз Айтматов»-ро ба ман дода, хоҳиш карданд, ки онро ба тоҷикӣ тарҷума карда, дар рӯзномаҳои даврӣ чоп кунам. Зеро асарҳои Чингиз Айтматовро дар Тоҷикистон мехонанд ва ӯро чун нависандаи оламшумул дӯст медоранд.

Дӯстам Абибулло Пазилов табассумкунон гуфт:

- Мо дар Бишкек шеъру ҳикоя ва повестҳои нависандагони тоҷикро аз забони русӣ ба қирғизӣ тарҷума мекунем. Ту хушбахтӣ, ки асарҳои онҳоро аз забони асл тарҷума мекунӣ.

Дӯстону ҳампешагонам аз шаҳри Бишкек маро борҳо даъват карданд, ки кӯчида наз­дашон равам ва дар Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Қирғизистон кор кунам. Охир, чӣ тавр Ватани азизам — Тоҷикистонро тарк намоям? Маро дар оғӯшаш калон кард. Нону намакашро хӯрда истодаам. Акнун вақташ расидааст, ки хизматашро  ба ҷо орам.

- Ният дорам, ки ҳар чӣ бештар ҳикоя ва повестҳои нависандагонро тарҷума кунам. Бигузор хонандагони қирғиз аз адабиёти ғании тоҷик баҳравар гарданд, — гуфт Султон Парманов.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»