Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мурувват номро ҷовидон месозад

№55 - 56 (4161 - 4162) 05.05.2020

SONY DSC- Дар кишвар барои истиқболи сазовори сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ давом дорад, — гуфт зимни суҳбат раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дӯстзода. — Дар Нуробод низ бо ин мақсад сохтмони 248 иншооти таъиноти гуногун дар нақша буда, 150 — тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Соли 2019 фаромӯшношуданӣ ва бобарор буд. Корҳои сохтмону ободонӣ аз ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ 51 миллиону 631 ҳазору 900 сомонӣ, аз ҷумла 10 миллион  сомонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун», 9 миллиону 19 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва вазорату кумитаҳо, 750 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, 773 ҳазору 600 сомонӣ  аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорони хориҷӣ,  595 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 миллиону 20 ҳазору 300 сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва 6 миллиону 474 ҳазор сомонӣ барои бунёди манзилҳои истиқоматии инфиродӣ пешбинӣ шуда, иҷрои он 102,7 фоизро ташкил дод.

Қаноатмандем, ки бо ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия сафи шахсони саховатпеша рӯ ба афзоиш аст. Соҳибкорони маҳаллӣ, ки ба пуштманзари андарзҳои оқилонаи Пешвои муаззами миллат сарфаҳм рафтаанд, мехоҳанд дар ободонӣ саҳм гузоранд. Аз ҷумла, сокини деҳаи Тегирмӣ Эмомалӣ Шеров аз ҳисоби маблағи барои сафари ҳаҷ ҷамъовардааш ба бунёди пули мошингузар барои ҳамдиёрон иқдом намуд. Сокинони деҳаи Юст пули мошингузари деҳаро бо сифати баланд таҷдид карданд.

Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №79 дар деҳаи Сарҷӯй  ба маблағи 773 ҳазору 600 сомонӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ дар деҳаи Хуфак ба маблағи 270 ҳазор сомонӣ, ошхона дар маҳаллаи 1-уми шаҳраки Дарбанд ба маблағи 151 ҳазор сомонӣ, бозсозии маркази хизматрасонӣ ба маблағи 84 ҳазор сомонӣ ва дорухона дар шаҳраки Дарбанд ба маблағи 36 ҳазор сомонӣ, сехи коркарди дару тирезаҳои чӯбӣ ба маблағи 64 ҳазор сомонӣ ва истеҳсоли хишти сементӣ дар деҳаи Улфатобод ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ, мағоза ва сартарошхона дар деҳаи Миёнадара ба маблағи 43 ҳазор сомонӣ, хатҳои интиқоли барқ ба маблағи 5 миллиону 114 ҳазору 600 сомонӣ аз зумраи иншооте мебошанд, ки соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Мехостам дар ин маврид як байти Фаридуддин Атторро ба ёд оварам, ки фармудааст:

Мурувват кун ту бо аҳли замона,

Ки то номат бимонад ҷовидона.

Дар ҳама давру замон мардум шахсони ҳимматбаланду саховатпешаро эҳтиром мекунанд. Онҳоро бологузар карда, дар ҷамъомаду маҳфилҳо номашонро бо ифтихор ба забон мегиранд. Баъди марг низ ҳамеша номашон вирди забонҳо аст. Ин анъана ҳоло ҳам идома дорад. Халқ номи накӯкорон ва хайрандешонро ҳамеша бо некӣ ёд хоҳад кард.

Сокинони ноҳия инро хуб медонанд ва бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ саъю талош, неру, ақлу дониш, истеъдоду маҳорат ва иродаву матонати хешро  баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаву бунёдкорона, ободонию созандагӣ сарф хоҳанд кард, — гуфт дар хотима Дӯстзода Ҳасан.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»