Нақшаҳо амалӣ мегарданд

№ 23.11.2020

 Дар ноҳияи Рашт дар арафаи таҷлили ҷашни 26-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 иншооти таъиноти гуногун ва дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин бора муовини раиси ноҳия Ҳамдулло Шарифзода маълумот дод. 

Зикр кардан бамаврид аст, ки Нақшаи чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2018-2021 ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059, оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда, тибқи он бунёдкориҳо дар ноҳия бомаром идома дорад. Нақшаи чорабиниҳо аз 334 банд, иборат буда, аллакай қисмати зиёди корҳо анҷом ёфтаанд.

- Айни ҳол дар 83 иншоот корҳои сохтмонӣ ва таъмиру барқарорсозӣ идома дошта, бовар дорем, ки сохтмончиён то ҷашни бузурги миллӣ корро бо сифати баланд иҷро мекунанд, — афзуд Ҳамдулло Шарифзода.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»