Нақшаи кишти пахта иҷро шуд

№52 (4002) 09.05.2019

maxresdefaultКишоварзони вилояти Хатлон дар майдони 122 ҳазору 465 гектар чигит кишт карда, нақшаро 100,4 фоиз иҷро карданд. Дар ин маърака ноҳияҳои Кӯшониён, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва шаҳри Бохтар пешсафанд.

Бино ба иттилои расида, баҳодурони саҳро имсол 27 навъи пахта, аз ҷумла, «Хатлон-2014», «Флеш», «Хуҷанд-67», «Ирам», «Тоҷикистон» кишт карданд.

Фаромӯз БОБОЕВ, рӯзноманигор