Нақшаи пахтакорони вилояти Суғд беш аз сад дарсад иҷро шуд

№152 (4002) 19.12.2019

Ҳафтаи гузашта дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд дар робита ба анҷоми маъракаи пахтачинӣ дар вилояти Суғд ҷамъомад барпо гардид.

Зикр шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида, то 1 декабри соли ҷорӣ хоҷагиҳои пахтакор зиёда аз 129 ҳазору 438 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ба 100,3 фоизи нақша баробар аст.

Ёдовар мешавем, ки соли равон майдони кишти пахта дар вилоят назар ба соли 2018-ум 1260 гектар зиёд шуда, ба 58 ҳазору 454 гектар расид. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 22,1 сентнерро ташкил дод, ки нисбат ба соли пеш 2,3 сентнер зиёд аст.

Нақшаи солонаи истеҳсоли пахта дар шаҳру ноҳияҳои Ашт 108,9 фоиз, Конибодом — 105,3, Бобоҷон Ғафуров — 101, Спитамен — 101,8 ва Ҷаббор Расулов 100,6 фоиз иҷро шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ барои саҳми арзанда дар иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта ва мусоидат намудан ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, дар вазъияти тантанавӣ ба роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Зафаробод ва Мастчоҳ автомашинаи хизматӣ тақдим карданд.

Ҳамчунин, чанд нафар пешқадамони маъракаи имсолаи пахтачинӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷрои­яи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардиданд.

М. Мақсудов«Садои мардум»