Аз ҳаёти вакилони халқ

Нақше дар диёри чил духтари чилтан

№30-31 (4292-4293) 06.03.2021

Обл Адолат РахмоноваДар борааш бисёр мегӯянд. Мегӯянд занест, ки дар шараёнаш хуни мардӣ мегардад. Занест бедор, якрӯ, соҳибандеша, ки сухан бе зарурат намегӯяд.

Дар ноҳияи Муъминобод хотироти зиёд аз роҳбарии ӯ боқӣ монда ва хотироти зиёдеро дар кӯлвораш аз кору пайкори мардуми меҳнатқарини ин диёр дорад.

Адолат Раҳмонова дар Муъминобод (фаъолияти роҳбариаш аз ҳама бештар дар ин ноҳия чашмгир аст) корро аз ободонӣ оғоз кард: Ӯ мегӯяд:

- Мардуми Муъминобод ба шаҳри Кӯлоб тавассути автомошинаи боркаш  сафар мекарданд, ки хеле машаққат буд. Ба директори автобазаи мусофиркашонии рақами 17 – и шаҳри Кӯлоб Юлдошев занг задам. Раду бадали зиёд кард. Гуфтам модарро бо янга як бор дар ҳамин «грузатаксӣ» савор карда, ба Муъминобод равон кун, баъд ранҷу азоби мусофирони ноҳияро мефаҳмӣ! Ба машварат омад ва рӯзи дигар аввалин маротиба хатсайри Кӯлоб — Муъминобод тавассути автобуси мусофиркашонӣ ба роҳ монда шуд. Зангаш задам ва гуфтам: «Чандон кори душвор набудааст-ку!».

Маркази савдо, дорухонаи марказӣ, бинои хуштарҳи «Агроинвестбонк», мактаби миёнаи боҳашамат барои 1200 нафар талаба, сохтмони пул байни деҳаҳои Лангар ва Чашмаи ҷӯшон, анҷоми калонтарин Фабрикаи парандапарварӣ дар вилояти Кӯлоб, ки бо сехҳои инкубаторӣ муҷаҳҳаз буда, дар як шабонарӯз зиёда аз 20 ҳазор дона тухм мебаровард, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои қисмати шӯрободии ноҳия самараи саъю кӯшишҳои ҳамин зани мушкилнописанд аст, ки тӯли 7 соли роҳбариаш бадар омаданд. Баъди дар ноҳия насб кардани чор ретранслятор сокинон имконият пайдо карданд, ки барномаҳои телевизиони марказиро тамошо кунанд, онҳо итминони комил ҳосил карданд, ки бахт ба рӯйи онҳо хандидааст.

- Моҳи апрели соли 1985 дар сойи Лангар сел омад, — ба ёд меорад муаллима. — Мардум аз ду тарафи дарё ҷамъ шуда, имкони ба дигар тараф гузаштан надоштанд. Дар он миён кӯдакон ҳам буданд, мӯйсафедон ҳам. Шояд бемореву зани ҳомилае ҳам. Ба худ гуфтам: Наход дар асри ХХ мардуми ду деҳа бо якдигар бехавф рафтуомад карда натавонанд. Ба сардори ДРСУ- 14-и вилояти Кӯлоб Абдуллоев занг задам ва баъди як соат ба ҷои ҳодиса расид. Пурсид, ки чӣ бояд кард? Гуфтам, сохтмони пулро дар ин мавзеъ оғоз мекунем. Абдуллоев мисли Юлдошев ҷадал накард. Сохт­мони пулро бо кӯшиши тарафайн ба роҳ мондем ва он дар давоми як сол ба охир расид… Соли 2000-ум як гурӯҳ сокинони ин деҳаҳо бо роҳбарии муаллими шинохта Икромов наздам омаданд. Он вақт ман ба сифати муовини раиси Ширкати давлатии молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонии Тоҷикистон кор мекардам. Матлаб – таъмири мақбараи Шоҳи Хомӯш. Ба дил гузаронидам, ки дар Муъминобод роҳбарони дастрас зиёданд, вале инҳо бо умед назди ман омадаанд. Бо вазири фарҳанг саъю кӯшиш намуда, таъмири мақбараи Шоҳи Хомӯшро ба сохтмонҳои ҷашни 2700-солагии Кӯлоби бостонӣ ҳамроҳ намудем.

Воқеан, Адолат Раҳмонова аз зумраи занҳои ангуштшумори роҳбари аввали ҳизбӣ буд, ки пайраҳаҳои роҳбариро зина ба зина тай намуда, ба мақомҳои баландпоя расид. Он чӣ дар ботинаш аз ғайрат дошт, ҳанӯз дар замони мактабхонӣ зуҳур кард. Аъло мехонд. Котиби Кумитаи комсомолии талабагии мактаб (мактаби миёнаи №1 ба номи В. И. Ленини шаҳраки Данғара)-ро бар дӯш дошт. Маҳз, ин ташкилоти ибтидоӣ дар ҳаёти ӯ нақши бориз гузошт. Дар 16-солагиаш вакили съезди XVI ЛКСМ Тоҷикистон интихоб гардид, ки ин шараф дар он синну сол на ба ҳар кас муяссар мегардад. Ин пайраҳа ӯро ба қулла бурд: Котиби кумитаи комсомолии гурӯҳ дар факултети биологияи Университети давлатии Тоҷикистон, мудири шуъбаи кумитаи комсомолӣ, котиби дуюми кумитаи комсомолӣ, котиби якуми кумитаи комсомолии ноҳияи Восеъ, фориғуттаҳсили Мактаби олии комсомол дар шаҳри Фрунзе (ҳозира Бешкек) — и Қирғизистон. Котиби Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Совет (Темурмалик), котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ленинград (ҳоло Муъминобод), котиби Кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1985-1995), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳар кас хислатҳои хос дорад. Агар Адолат Раҳмонова ҳалимию меҳрубониашро дар Муъминобод нишон дод, пас лаҳзаҳои ногувору кашмакашҳои мансаб­талошон муҷиби равшан гардидани ҷасорату шуҷоати ӯ дар чашми аҳли ҷомеаи кишвар гардид.

Вакилонро, ки намояндаи халқ дар парлумони кишвар буданд, саргузашти талхе интизор буд. Ӯ метавонист бетарафӣ ё дурӯягиро интихоб кунад, вале виҷдон ӯро ба андеша водор мекард. Виҷдону имоне, ки шояд азалӣ бошад, шояд тадрисӣ, ки давоми солҳои роҳбарӣ аз мактабҳо таҷриба карда буд. Ӯ дар оилае тарбия ёфт, ки дурӯягию рӯсиёҳиро намепазируфт.

- Вақте ки гап сари тақдиру сарнавишти миллат мерафт, ҷаласаю иҷлосия, кашокашу бадгӯйиву бадхӯиҳо…Ҳар лаҳза дил хурӯҷ мекард, дар сина танг меомад ва мегуфтам: «Адолат, ақаллан номатро ҳимоя кун!». Фикр мекардам ҳамаи мардум ҷасорату ғайрати маро имтиҳон мекарда бошанд, — мегӯяд Адолат Раҳмонова.

- Бо хеле роҳбарони ҳизбӣ, давлатӣ ва хоҷагӣ кор кардам. Мисли Адолат Раҳмонова роҳбари дилсӯзу фидоӣ надидам. Аз сидқ кор мекард. На танҳо рӯз, балки шабҳо аз вазъи фермаҳои чорводорӣ хабар мегирифт. Он замон кор ранги дигар дошт. Шабе барои назорат ба фермаи чорводории «Деҳлоло – 2» рафтем. Посбони ферма дар хоб буд. Ҳамроҳи муаллима ба кашар даромадем. Ду гов зоидааст. Муаллима дарҳол аз хоначае халат оварда пӯшиду гӯсолаҳоро маконд ва баромада раф­тем. Ҳайрон шудам. Дар ягон маҷлис аз ҳамин манзара ёдовар нашуд ва касеро пеши рӯ наовард. Ман ба натиҷае расидам, ки ӯ чӣ қадар инсони шариф будааст, ба касе гап накушод. Коре, ки аз гуфтанаш ногуфтанаш таъсирноктар аст. Баъд фаҳмидам, ки услуби кори муаллима чунин будааст, — хотироте буд аз ронандаи котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳия Раҷаб Ҷӯраев.

Ин манзараро пеши рӯ овардам. То фаҳмам, ки чӣ ҳақиқате дораду аз хотираш зудуда шудааст ё не? — Қаҳрамонам хандид…

Ҳеҷ кас нагуфтааст, ки Адолат ба ягон таъриф эҳтиёҷ дорад. Мардум довару қозии замон аст. Муъминободу Кангурту Данғара кӯҳистон аст ва асолат дар кӯҳистон нуҳуфта аст. Барои мардуми кӯҳистон расм нест, ки сараро аз носара каси дигар ҷудо кунад. Хуб кардӣ, хуб мегӯянд, бад кардӣ, бад. Дар маҷмӯъ, ӯ як зани одии тоҷикистонӣ аст. Вохӯриеро дар деҳаи Тутои ноҳия ёдовараш кардам: ҳангоми вохӯри бо номзадҳо ба итихоботи Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамтоҳояш равшан мекарданд, ки «хуни нофи мо дар ҳамин ноҳияҳо рехтааст», вале ӯ бо лаҳни монанд ба таъкид изҳор кард, ки «ман як зани тоҷикистониам».

Чаро ӯро Адолат ном гузоштанд? Воқеан, рисолати онҳо дарси ибрат аст, дар он торикистони наврӯшаншуда, торикистоне, ки нав субҳи козибаш медамид. Ин номро ба он хотир гузоштанд, то Адолат ба он сазовор бошад.

Шояд на танҳо асолат, балки адолат ҳам дар кӯҳистон нуҳуфта бошад. Модараш – Шамъигул Исматуллоева ва падараш – Раҳмон Мирзоев маҷруҳи гурӯҳи дуюми Ҷанги Бузурги Ватанӣ (рӯҳашон шод бод) зодагони ошёни баланди кӯҳсоронанд ва ин сарфарозиҳо ва тамкиниро аз кӯҳсорон омӯхта. Ин боис гардид, ки Адолат Раҳмонова бо ин хислатҳои азалӣ дар диёри чил духтари чилтани Муъминободи биҳиштосо маъво гирифт ва мардум хизмату заҳматҳои ӯро сипосу қадрдонӣ мекунанд. Вақте ки бо муаллима суҳбат мекардем, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода занг зада, Адолат Раҳмоноваро барои иштирок дар ҷашни Рӯзи Модар ҳамроҳи Рафиқа Мӯсоева даъват намуд. Ин намунаи дигари сипосу қадрдонию қадршиносии занони ҷонфидою сарсупурдаи ин миллати соҳибтамаддун мебошад.

Адолат Раҳмонова аз неъмати истиқлолу озодӣ бо ҳама бешу камаш шукр мекунад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»