Набояд фирефтаи сиёсатбозиҳо шуд

№107 (3901) 01.09.2018

Раиси РушонЧанде пеш бо ташаббуси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рӯшон Имомназар Хоҷаназар Лутфулло дар тарабхонаи «Наим»-и деҳаи Дерзуди ноҳия бо донишҷӯён вохӯрӣ доир гашт. Раиси ноҳия зимни суханронӣ ба авзои сиёсии ҷаҳон дахл карда, зикр намуд, ки қудратхоҳии бархе аз давлатҳои тараққикарда боиси ба гирдоби ҷанг тела додани кишварҳои алоҳида гардидааст.

Ба таври дигар гӯем, олами имрӯз пур аз ҳаводис ва пешгӯйинашаванда аст. Кишвари тозаистиқлоли моро низ аввали солҳои навадуми асри гузашта ба ҷанг кашида буданд ва ба ҳама маълум аст, ки чӣ қадар тоҷики ҷафокашида сарсону саргардон шуд. ­Бисёре аз фарзонафарзандони миллат туъмаи ҷанги хонумонсӯз гардиданд. Хушбахтона, ба бахти миллати тамаддунофари мо шахси солимфикру дурандеш, сарсупурдаи ҳақиқии миллат Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омад ва Ватану миллати куҳанбунёдамонро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшид.

Студентка«Имрӯз кишвар ободу орому гулгулшукуфон аст. Аммо душманон ҳанӯз ором нестанд. Талош меварзанд, ки ниятҳои нопоки худро амалӣ созанд. Ба ин хотир, бо истифода аз дину мазҳаб бештар ҷавононро ба доми фиреб мекашанд.

Аз ин рӯ, аз шумо, ҷавонон, эҳтиромона хоҳиш дорам, ки фирефтаи сиёсатбозиҳои ин тоифа нашуда, ба ақли солим такя намоед. Донишу малакаатонро барои ободии кишвар равона созед. Хизмати арзанда ба Ватан, ба миллат вазифаи ҳар яки мову шумост. Итминон дорам, ки аз ҷумлаи номбардорони Ватан хоҳед шуд. Хуб таҳсил кунед, кӯшиш ба харҷ диҳед, ки баҳри пешрафту гулгулшукуфии Ватан ҳиссаи сазовор гузоред», — таъкид намуд Имомназар Хоҷаназар Лутфулло.

Дар фарҷом ба донишҷӯён, ки қисме дар шаҳри Хоруғ ва дигарҳо дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб таҳсил мекунанд, комёбиҳо орзу намуда, директори Маркази саломатии ноҳия Садоқат Абдумамадова, комиссари ҳарбии ноҳия Ҳувайдо Бахтиёров ва раиси собиқадорони ҷангу меҳнат Меҳриддин Замонов онҳоро ба ҷонибдории сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд.

М. БАХТИЁРОВ, ноҳияи Рӯшон