Набояд гузошт, ки ҷавонон гумроҳ шаванд

№105 (4055) 31.08.2019

Н 1Чанде пеш дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш вохӯрии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва минтақаи Рашт, генерал-майори милитсия Сафиало Азизулозода бо донишҷӯёне, ки дар дохил ва хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, баргузор гардид.

Дар он зиёда аз дусад донишҷӯ иштирок доштанд, ки аксари онҳо дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвари ҳамсоя — Қирғизис­тон таҳсил менамоянд.

Дар оғоз раиси ноҳияи Лахш Баротзода Файзулло доир ба дӯст доштани Ватан, шукрона аз зиндагии орому осуда ва пешрафтҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ изҳори назар кард.

Сипас, Сафиало Азизулозода суханрониашро бо иқтибос аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд ва афзуд:

- Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландӣ мебошанд. Дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумат, қадрдонӣ ва нақши арзишмандашонро дар ҳама ҷанбаи ҳаёт эҳсос менамоем. Раванди босуръат дигаргун шудани ҷаҳон аз ҳама зиракию ҳушёрӣ ва ватандӯстию садоқат ба Ватанро талаб мекунад, зеро ҳоло гурӯҳе аз ҷавонон, хусусан, бархе аз донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ шудаанд ва аз баҳри Ватан, ҳатто падару модар, ёру бародар гузаштаанд. Чунин сурат гирифтани ҳолат бояд моро ба ташвиш биёрад. Зарур аст, ки якҷо пайи он талош варзем, ки ҷавонони гумроҳ ҳақиқатро дарк карда, ба роҳи рост баргарданд. Агар ҷавонони ватандӯст якҷоя шуда, неруву тавони хешро баҳри ободонии кишвар сарф намоянд, дар ояндаи наздик Тоҷикистон дар қатори мамлакатҳои пешрафта қарор мегирад ва барои ҳар хонадон зиндагии шоиста таъмин мегардад.

Дар вохӯрӣ масъулини мақомоти маҳаллӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарону намояндагони ташкилоту идораҳо, эмомхатибону раисони маҳаллаҳо низ иштирок доштанд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»