Набудани роҳ пиряхҳои Федченко ва Хирсонро дастнорас кардааст

№58 (3852) 12.05.2018

2.93-The-pass-Kashal-ayak-672x372Соли 2015 дар мавзеи Вишхарваки Ванҷи боло аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Муфарраҳ Муҳаббатов, Розиқ Гиёев, шодравон Васила Ғафурова ва кумаки сокинони деҳоти «Рованд» меҳмонхона, марказҳои хизматрасонӣ ва истироҳатӣ сохта шуд, ки дар ифтитоҳи онҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Тайи солҳои охир ба Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ техникаи нав ворид гардид ва як қисми роҳҳои мавзеъҳои Бунай, Хаспо, Чихох, Сед таъмир карда шуданд. Бо ташаббуси Вазорати нақлиёт миёни деҳаҳои Мудехарв ва Вишхарвак пули нави мошингард сохтанд. Мутаассифона, корҳои анҷомдода баҳри рушди сайёҳӣ ва назорати доимӣ аз вазъи пиряхҳо дар ин музофоти баландкӯҳ ҳоло ҳам кифоя нестанд.

То соли 1991 дар мавзеи Абдулқаҳҳор, дар подомони пиряхҳои Федченко ва Хирсон марказҳои илмӣ — тадқиқотии «Хрустал» ва «Далний» амал мекарданд. Генераторҳои тавлидкунандаи неруи барқ ва таҷҳизоти омӯзишии ҳолати пиряхҳо шабу рӯз мавриди истифода буданд. Мутахассисони соҳа ҳар рӯз ба шаҳрҳои ­Москва ва Душанбе алоқаи радиоӣ карда, аз ҳолати пиряхҳо ва вазъи боду ҳаво хабар медоданд. Ҳоло аз даҳҳо иморати ин шаҳракҳои обод ному нишоне намондааст. Зеро ашхоси беинсоф солҳои муноқишаҳои шаҳрвандӣ биноҳоро вайрону валангор намуда, чӯбу тахтаҳои онро аз худ карданд.

Ба ғайр аз ин, тайи бист соли охир роҳу пулҳо аз деҳаҳои Ванван, Змахсум ва Пойи мазор то буни пиряхҳо, вайрону валангор шуданд. Мушкилоти баамаломада боиси қатъи рафтуомади деҳнишинон ба подомони пиряхҳо гардид.

Дар наздикии пиряхҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби геологҳои тоҷик кони бузурги мармари сурху сиёҳ ва ҷигариранг кашф шуд. Тавре мутахассиси соҳа Назриддин Асоев гуфт, соли гузашта корҳои тадқиқотӣ — омӯзишӣ бомуваффақият ба анҷом расиданд. Яке аз ширкатҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой сангҳои қиматбаҳои мавзеи Пойи мазорро аллакай харидорӣ карда истодааст. Соли гузашта аз ҷониби онҳо дар ин мавзеъ, ки дар наздикии пиряхҳои Федченко ва Хирсон воқеъ мебошад, роҳи мошингард, биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ сохта шуд.

Бино ба гуфти корманди масъули Вазорати нақлиёти кишвар Муҳаммадҷон Ширинҷонов, аз соли равон бо мусоидати шарикони рушд дар роҳи 95-километраи Рохарв — Пойи мазор — Абдулқаҳҳор панҷ пул сохта мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар чунин баён намуданд: «Тибқи маълумот аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудааст, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад. Бо назардошти чунин вазъ, Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро ҷиддӣ ба роҳ монад».

Мардуми ноҳияи Ванҷ боварӣ доранд, ки вазорату идораҳои ­масъул, вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат ироагардидаро иҷро намуда, роҳу пулҳои зикршударо барқарор менамоянд.

Обод сохтани роҳу пулҳо ва азнав­созии марказҳои илмӣ — тадқиқотӣ, имкон фароҳам меорад, ки садҳо ҷаҳонгарди хориҷӣ ва ватанӣ бо нақлиёт то ба домони пиряхҳои Федченко ва Хирсон сафар кунанд.

Сироншоҳи ДИЛОВАР,

журналист