Нахустин Парчами давлатӣ дар Осорхонаи миллӣ

№141 (4091) 23.11.2019

парчам осорДар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Парчами давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон муаррифӣ, қабул ва тасдиқ шуд, ҳамчун ёдгории нодири таърихӣ ҳифз гардидааст.

Ҳифз намудан ва ба экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон расонидани ин нигораи арзишманд таърихи хос дорад. Матои Парчами нахустин, ки бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ аз ҷониби корманди масъули Шӯрои Олии Тоҷикистон — Калимулло Қодиров эҳтиёт ва ҳифз гардида буд, зимни таҷлили 15 — умин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим шуд.

Соли 2007 бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Парчами нахустини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо гардид. Ҳоло таҳти рақами осорхонавии КВ- 12823/2 дар экспозитсияи толори даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нигораи нодири таърихӣ ҳифз мешавад. Он матои росткунҷа буда, дар рӯяш се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифтаяш кашида шудааст: рахи боло ранги сурх ­дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, дар мобайни Парчам, бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Дарозии умумии Парчами нахустин 145 см ва баландии он 85 см — ро ташкил медиҳад. 

Фирдавси АБДУЛҲАМИД,

сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон