Намоиши мошинҳои нодир дар Душанбе

№49 (3686) 06.05.2017

РетроБо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва бо мақсади дастгирӣ аз ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ бахшида ба 72 – юмин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрӯз дар ҳудуди меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» ва «Кохи Наврӯз» Фестивал – намоишгоҳи панҷуми «Авто Ретро» — Душанбе» баргузор гардид.

Дар он мошинҳои қадимаи истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва Америка ба намоиш гузошта шуданд. Бояд гуфт, ки намоиши мошинҳои нодир ва қадима барои насли ҷавон, ки бо аксари онҳо аз тариқи кинофилму суратҳо шиносанд, хеле мароқовар аст. Дар Ғарб гузаронидани ин гуна намоиш – фестивалҳо дер боз ба ҳукми анъана даромадааст, ки онро «олдтаймер — галлерея» («қадима, нодир») ном мебаранд. Ба он мошинҳое мансуб мешаванд, ки на кам аз 30 сол пештар истеҳсол гардидаанд.

Раиси Ҷамъияти дӯстдорони «Авто Ретро» — и Тоҷикистон Алишер Тоҷиев гуфт, ки мухлисони чорабинӣ имкон доштанд дар қатори намудҳои қадима, инчунин аз тамошои мошинҳои истеҳсоли шӯравӣ — «Победа», «Москвич», «Волга», «Запорожетс», «Лада», аврупоию ғарбӣ — «Volkswagen», «Ғord», «Chevrolet», «Pontiac» ва «Мersedes — Bens» ҳаловат баранд.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»