Намояндагони иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ба «Хоҷа Оби Гарм» омаданд

№41 (3991) 13.04.2019

Даҳуми апрели соли равон ҳайати бистнафараи намояндагони иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» ташриф оварданд.

DSC01986Онҳоро раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода хайра мақдам гуфта, истироҳати хуш  таманно кард. Ӯ, аз ҷумла, зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба густариши робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ миёни ду кишвари дӯсту бародар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Ёдовар бояд шуд, ки моҳи августи соли гузашта дар шаҳри Тошканд миёни Ташкилоти  иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Муовини раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи кормандони мақомоти давлатӣ ва хизматрасонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҳамид Юлдошев барои меҳмоннавозии самимона изҳори сипос намуда, гуфт, ки аз баракати иродаи неки роҳбарияти ду кишвари дӯсту бародар робитаҳои дуҷониба босуръат густариш ёфта истодаанд, Аз лаҳзаҳои аввали ба ин мулки зебоманзар қадам  ниҳодан моро обу ҳавои дилкаш ва меҳмоннавози мардуми ба мо дӯсту бародар мафтун кард. Ин хотироти некамонро ҳатман ба ҳамдиёрон мерасонем ва боварӣ дорем, ки минбаъд теъдоди сайёҳони Ӯзбекистон дар «Хоҷа Оби Гарм» афзун мешавад.

Намояндаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистони Ӯзбекистон Раҳмат Мағрибов бо қаноатмандӣ гуфт, ки ҳанӯз дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳавои дилкашу форами кӯҳистон ба димоғаш зад. Барои ӯ, ки дар иқлими тамоман дигар зиндагӣ мекунад, нафаскашӣ аз чунин ҳавои бо накҳати баҳорӣ муаттар хеле гуворо буд.

- Ташрифи намояндагони иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон оғози марҳилаи нави ҳамкорӣ буда, оянда бештар хоҳад шуд, — илова намуд Раҳмат Мағрибов.

DSC02013Директори генералии ҶСК  Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» Давлаталӣ Самизода иброз дошт, ки тӯли фаъолияти зиёда аз 80 сол об ва буғи шифобахши ин мавзеи овозадор ба дарди ҳазорон нафар дармон шудааст. Дар осоишгоҳ ғайр аз буғи радонӣ ва оби гарми маъданнок, инчунин мизоҷон ба лойдармонӣ, масҳи табобатӣ, сӯзандармонӣ, масҳу сандалии барқӣ, парафингузорӣ ва ғайра фаро гирифта мешаванд. Истироҳаткунандагон барои вақтгузаронии  самаранок дар толорҳои махсус бо истифода аз таҷҳизоти зарурӣ ба варзишу бозиҳои шавқовар машғул шуда метавонанд. Илова ба ин, ҳар шом дар қасри фарҳанг  чорабиниҳои фароғатӣ баргузор мегардад.

Ба гуфтаи муовини директори осоишгоҳ оид ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Исфандиёр Саидов, ҷуғрофияи истироҳаткунандагон сол то сол васеъ мешавад. Ба Хоҷа Оби Гарм бештар аз Фаронса, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Олмон, Беларус, Британияи Кабир, Туркия ва мамолики арабӣ сайёҳон меоянд.

- Соли сипаришуда аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 219 нафар  дар Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» истироҳат намуда буданд. Дар заминаи сафари намояндагони иттифоқҳои касабаи ҷумҳурии ҳамсоя дар назар аст, ки ташрифи гурӯҳӣ бештар шавад, — гуфт Исфандиёр Саидов.

Сайфиддин СУННАТӢ,

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»