Натиҷаи фаъолияти Ситоди байниидоравӣ дар ВМКБ

№128 (3922) 23.10.2018

Тавре шаҳрвандон иттилоъ доранд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-уми сентябри соли 2018 дар мулоқот бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимоти ҷангии  ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир супоришҳои қатъӣ доданд.

Бо ин мақсад дар вилоят Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният ба кор шурӯъ намуд.

Қобили зикр аст, ки то 16-уми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ — Аёмбеков Толиб Абдураҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгор Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбекович ва сокинони алоҳидаи дигар ноҳияҳои вилоят 186 силоҳи оташфишон, аз ҷумла, 72 автомати «Калашников», 3 пулемёт, 2 гранатомёт, 1 комплекси зенитӣ, 37 таппонча, 11 карабин, 47 адад дигар намуди силоҳ, 36 норинҷак, зиёда аз 4 700 адад лавозимоти ҷангӣ ва 900 грамм маводи тарканда мусодира карда шуд.

Бо вуҷуди мусодира гардидани силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ то ҳанӯз дар дасти саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва ашхоси алоҳида шумораи зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад.

Аз ин лиҳоз, Ситоди байниидоравӣ қотеъона талаб менамояд, ки тамоми силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ  супорида шавад. Дар сурати аз тарафи саркардагону аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, шахсони алоҳида то ба охир насупоридани силоҳу лавозимоти ҷангӣ нисбат ба онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда чораҳои бетаъхир амалӣ мегардад.

Дар давраи бисёр ҳассос ва тақдирсоз, ки сокинони шарафманди вилоят роҳҳои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаро пайгирӣ намуда истодаанд, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ноҳияи Шуғнон кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон намуданд. 2 октябри соли 2018 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ амалиёти ҷиноятии аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ноҳияи Шуғнони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақсад доштанд, миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонис­тон ба ноҳияи Шуғнони ВМКБ интиқол диҳанд, ошкор ва пешгирӣ гардид.

Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи наз­дисарҳадии Барчиди деҳоти «Поршнёв»-и ноҳияи Шуғнон қочоқбарон аз торикии шаб истифода бурда, аз ҷойи ҳодиса фирор намуданд.

Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 2 борхалта, ки дар дохили онҳо 4 автомати «Калашников» ва 25 кг воситаҳои нашъадор, аз ҷумла, 10 кг маводи мухаддири навъи героин, 13 кг маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ва 2 кг воситаи нашъадори навъи «афюн» дарёфт ва мусодира гардид. Нисбат ба далели мазкур аз тарафи шуъбаи тафтишоти Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ бо моддаҳои 195, қисми 2, 200, қисми 4, 289 қисми 3, 335 қисми 1-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Яке аз супоришҳои асосии Сарвари давлат мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва ба тафтишот ҳозир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷаи чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ аз 21 нафар ҷинояткори дар кофтуков қарордошта 14 нафар, аз ҷумла, Акимбеков Акимбек Азизмамадович, Бозоров Комрон Ватаншоевич, Мирзоев Фирӯз Маҳмудхонович, Шейхов Пулод Тиллоевич, Каримбеков Рустамбек Давлатбекович, Некқадамов Шертан Саидқадамович, Болиев Шоҳғариб Додхудоевич, Худоназаров Некруз Ғуломалиевич, Ҳамиди Ташриф, Раҳматов Фирӯз Муҳаббатович ва Давлатқадамов Музаффар Имомназарович ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомотои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданд.

Ба ҷинояткороне, ки то ҳанӯз дар ҷустуҷӯйи расмӣ қарор доранд ва ба мақомот ҳозир нашудаанд, бори дигар таъкид гардид, ки аз ҳолатҳои сабуккунандаи пешбинигардидаи қонун истифода бурда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шаванд.

Самти дигари фаъолияти Ситоди байниидоравӣ ба таври қотеона ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва аз байн бурдани қоидавайронкуниҳо мебошад.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои пурзӯри амниятӣ 3053 далели қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла, 32 воситаи нақлиёти сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, 53 воситаи нақлиёти бе рақами давлатӣ ва рақами бегона, 18 ҳолати идора кардани воситаи нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 110 ҳолати бо суръати баланд, 31 ҳолати итоат накардан ба талаби корманди милитсия, 13 ҳолати мастӣ ва 2387 ҳолати дигар намуди қоидавайронкунӣ ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ гардид.

Нисбат ба 469 нафар вайронкунандагони қоидаи ҳаракат дар роҳ ба маблағи 136663 сомонӣ ҷарима таъин ва ситонида шуд.

Боиси қайд аст, ки аксарияти соҳибони воситаҳои нақлиёти шахсӣ аз ҳаракатҳои ғайриқонунӣ хулосаи зарурӣ бароварда, 210 автомашинаи сиёҳшишаро ихтиёран тоза намуданд.

Дар баробари ин, то ҳанӯз ҳастанд соҳибони воситаҳои нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, бе рақами қайди давлатӣ, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба саломатӣ ва ҳаёти сокинони осоиштаи шаҳри Хоруғ хатар эҷод мекунанд.

2-юм ва 6-уми октябри соли равон сокинони шаҳри Хоруғ Имомназаров Соҳибназар Султонназарович, бинобар идора кардани воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, итоат накардан, нишон додани муқобилат ва гирифта гаштани лавозимоти ҷангӣ (2 корд ва 1 дона норинҷак), Додихудоев Муслим Ризвоншоевич,  Музаффаров Соҳибмамлюк Имомназарович бо ҷурми идораи воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, итоат накардан ва нишон додани муқобилат ба кормандони милитсия боздошт гардиданд. Ҳоло нисбат ба онҳо бо моддаҳои 195 қисми 1 ва 328 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

15 октябри соли ҷорӣ бошад, дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар мавзеи Бидурди деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнон ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21010», рақами қайди транзитии давлатиаш «М 00-10 ТҶ 07» — Бодуров Навоӣ Шолиевич (санаи таваллудаш 20 апрели соли 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Панфилов, хонаи №15) ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳояш ба талаби қонунии корманди милитсия итоат накарда, мехост аз ҷойи ҳодиса фирор намояд.

Ҳангоми кӯшиши пешгирӣ аз фирор Бодуров Навоӣ Шолиевич автомашинаро ба муқобили корманди милитсия равона карда, ӯро зада меафтонад ва ба масофаи 300 метр кашола карда мебарад.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои дахлдор Бодуров Навоӣ Шолиевич ва ҳаммаслакони ӯ Давлатҷонов Амид Миликшоевич, (санаи таваллудаш 9 январи соли 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, хонаи №58, оиладор соҳиби 2 фарзанд, пештар бо моддаи 201 қисми 1 -(муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст), Мазоров Мақсад Атоназарович (санаи таваллудаш 27 августи соли 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи 50-солагии Хоруғ, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, пештар бо моддаи 244 қисми 2- (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон суд шудааст), Давлатов Фахриддин Қамарович (санаи таваллудаш 28 сентябри соли 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Носири Хусрав, хонаи №23) ва Айёмбеков Абдураҳмон Оқилович (санаи таваллудаш 11 апрели соли 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Аёмбеков, хонаи №4) боздошт гардиданд.

Ташхиси тиббӣ муайян намуд, ки ҳаммаслакон дар ҳолати сархушӣ қарор доштаанд.

Ситод бо тамоми қотеият таъкид мекунад, ки кормандони дидбонгоҳҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ то замони ба фаъолияти зиддиқонунии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ хотима гузоштан, боварӣ ҳосил кардан ба таъмини пурраи амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳ, дастгир шудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда тибқи қонунҳои амалкунанда фаъолият хоҳад кард. Ҳамчунин, барои аз байн бурдани қонуншиканиҳо зимни идораи воситаи нақлиёт, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда фаъолияти дидбонгоҳҳо дар шаҳри Хоруғ васеъ карда мешавад. Барои дахолат намудан ва монеа эҷод кардан ба  фаъолияти қонунии дидбонгоҳҳо тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ «посух» дода мешавад.

Ҳамчунин, бо мақсади шаффофияти фаъолияти дидбонгоҳҳои кормандони Боз­расии давлатии автомобилӣ, нишон додани симои аслии шахсоне, ки талаботи қонунгузориро риоя намекунанд, дар дидбонгоҳҳо таҷҳизоти сабти навор (видеорегистратор) насб карда хоҳад шуд. Наворҳо оид ба риоя нашудани талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавассути ВАО ба сокинони вилоят ва ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд.

Тибқи маълумоти ситод, саркардагон ва фаъолони ГМҶ дар маҳаллаҳо, тарабхонаҳо, манзилҳои истиқоматӣ бо ҷалби ҷавонони сода ва гумроҳи шаҳри Хоруғ ва навоҳии атроф вохӯрӣ («сходка»)-ҳо мегузаронанд. Бештари вақт ҷамъомадҳои ГМҶ дар тарабхонаҳои «Шуғнон», «Шоми Бадахшон», «Атлант», «Марко Поло», ошхонаҳои «Мурғоб», «Орзу», меҳмонхонаи «Тишор» доир мегарданд.

Вобаста ба ин, Ситоди муштарак бо тамоми қотеият изҳор медорад, ки минбаъд дар маҳаллаҳо, тарабхона, ошхонаҳо, толорҳои варзишӣ ва дигар ҷой ҷамъ омадани ҷавонон, гузаронидани чорабинӣ бо номи «сходка»-ҳо аз тарафи саркардагон ва фаъолони гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҳамчун иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ баҳогузорӣ гардида, нисбат ба онҳо тибқи талаботи моддаи 187-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯйӣ карда мешавад.

Ҳамчунин, иншооте, ки дар онҳо чунин «сходка»-ҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ гузаронида мешаванд, тибқи талаботи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қатъи фаъолият ва тағйир додани таъиноти истифодаи онҳо то мусодира кардан, чораҳои қатъӣ андешида хоҳанд шуд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи муқаддаси ҳар шаҳрванди ба ору номуси кишвар аст. Маҳз тавассути ин амал метавон садоқат­ро ба Ватан, миллат ва халқ собит намуд. Мутаассифона, ҷавонон зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятӣ монда, аз хизмат дар сафи ҚМ ҶТ даст мекашанд.

Ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро мақсаднок ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ нақшаи муқарраршударо дар шаҳри Хоруғ 100 фоиз иҷро намуд. Ҳамчунин, нақшаи даъват дар ноҳияҳои Рӯшон, Дарвоз ва Мурғоб иҷро гардид.

Ситоди байниидоравӣ дар ВМКБ