Наваскарон савганди ҳарбӣ ёд карданд

№ 01.12.2016

савгандДар отрядҳои сарҳадии «Панҷ» ва «Турсунзода»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 160 нафар наваскарон савганди ҳарбӣ ёд карданд.

Дар ин чорабинӣ намояндагони маќомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Панҷ, собиќадорон сардорони отрядҳои сарҳадии Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои қудратӣ ва волидайни сарбозон иштирок доштанд.

Онҳо зимни баромад наваскаронро ба хизмати софдилона баҳри ҳифзи марзу буми кишвар ҳидоят намуданд.

Дар поёни маросим ба афсарону сарбозони фаъол аз номи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ нишонҳои сарисинагӣ ва ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Сипас, ҳайати шахсии отрядҳои сархадӣ ва ҷузъу томҳо бо марши тантанавӣ аз назди меҳмонон гузаштанд. Ҳамчунин, ба ин  муносибат  шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳия барномаи консертӣ намоиш додаанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон