Ниҳоли дӯстии тоҷику ӯзбек аз нав самаровар шуд

№100 (3894) 17.08.2018

Вақте сокини ноҳияи Бохтар Исомиддин Аслонов вориди идораи рӯзнома шуд, ҷузвдони пур аз коғазҳояшро дида, гумон кардем, ки роҷеъ ба масъалае шикоят мекунад. Вале гумонамон хато баромад.

- Баъд аз ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти дӯстонааш бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва имзои санадҳои зиёди ҳамкорӣ шодию хурсандии ману аҳли оилаамон интиҳо надорад, — иброз дошт бо хушҳолӣ Исомиддин Аслонов ва афзуд: — Ман ва аҳли оилаю хешу табор он рӯзи таърихиро дер боз интизор будем. Гап сари он аст, ки панҷ фарзанд ва наберагонам дар деҳаи Чодаки вилояти Намангони Ӯзбекис­тон зиндагӣ мекунанд. Акнун шароит фароҳам омад, ки бо ҷигарбандонам тез — тез дидорбинӣ кунем, аз ҳолу аҳволи якдигар бохабар бошем. Духтаронам Рушаной, Наргиза ва Гулшаной соҳиби дипломи мактабҳои олии Тоҷикистонанд. То ин вақт он дипломҳоро дар Ӯзбекистон ба эътибор намегирифтанд. Ҳоло онҳо метавонанд соҳиби кори дилхоҳ шаванд.

Ҳамаи ин ба шарофати ниятҳои нек ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам  Шавкат Мирзиёев аст.

Дари дӯстии тоҷикону ӯзбекҳо мутмаинем, ки дигар ҳеҷ гоҳ баста намешавад.

Бигзор, ниҳоли дӯстие, ки фарзандони фарзонаи ду халқи бародар — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар оғози баҳор шинонданд, ҳамеша сарсабзу самаровар бошад.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»