Нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем

№70 (3864) 07.06.2018

Таассурот аз мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи шарифи Рамазон

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ­ҷомеаи кишвар дар арафаи ду рӯйдоди бузург ба вуқӯъ пайваст. Яке баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез» дар шаҳри Душанбе буд, ки Сарвари давлат ташаббускори асосии он буданд. Он мавқеи давлатро дар ­масъалаи ҳамкорӣ бо кишварҳои олам ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ равшан ва роҳи ҳалли онро дар сатҳи ҷаҳонӣ муайян намуд. Дигар фарорасии моҳи шарифи Рамазон аст, ки мусулмонони олам онро моҳи нузули раҳмату мағфират, файзу баракат, бахшиши гуноҳҳо, иҷрои амалҳои хайру савоб ва иҷобати дуо медонанд.

Гуфта шуд, ки абарқудратҳо барои тақсим кардани ҷаҳон ва неъматҳои моддию сарватҳои табиии он дини исломро василаи мубориза қарор дода, ҳазорон нафарро ба қатл расонида, миллионҳо одам аз низоъҳо гуреза шуда, ба хотири наҷоти ҷон ва фарзандон дар баҳрҳо ғарқ мешаванд, дар кишварҳои бегона аз гуруснагӣ вафот мекунанд. Ба замми ин, тағйирёбии иқлим ба ҳаёти инсоният хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ҳар сол бо сабаби норасоии об 3 миллиону 400 ҳазор нафар дар сайёра вафот мекунанд. Қариб 800 миллион нафар аз норасоии ғизо азият кашида, як миллиард нафар дар шароити қашшоқӣ зиндагӣ мекунанд.

Ин ва дигар масоили хатарзои глобалӣ аз нуктаҳои меҳварии суханронии Пешвои миллат дар мулоқот буда, таъкид карданд, ки: «чунин вазъияти ҳассосу ноороми ҷаҳон моро водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон — истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем. Зеро маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мову шумо имкони зиндагии озод, ором ва осударо дар ин олами ноором додааст».

Оид ба фазилату баракати моҳи шарифи Рамазон ибрози назар намуда, Пешвои миллат таъкид карданд, ки ислоҳи вазъи маънавӣ ва иҷтимоие, ки бо сабру таҳаммул, хайру саховат, эҳтирому қадршиносии якдигар ва саодату оромии рӯҳ вобастагии бевосита дорад, танҳо ба як моҳи Рамазон маҳдуд нашуда, ҳамеша дар ҳаёти мо бояд вуҷуд дошта бошад, зеро караму раҳмати Худованд беҳадду ҳар рӯз аст ва муъмин бояд аз он ғизо гирад. Аз ин рӯ, ҳар як мусулмони дороро лозим аст, ки дар ин моҳи шариф аз ҳоли бечорагон ва мустамандон, ятимону бепарасторон хабар гирифта, ба онҳо дасти кумак дароз кунад, ба онҳо инфоқ — яъне хайру садақаи фитр ва закоти молашро диҳад, зеро Пайғамбари гиромӣ дар ҳадисаш гуфтааст, ки: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».

Садақаи фитр, ки яке аз рукнҳои муҳими моҳи шарифи Рамазон аст, тибқи манбаъҳои муътабари исломӣ аз василаҳои муҳими дастгирии шахсони ниёзманд мебошад ва он набояд ба шахсони тавонманду доро, уламову ходимони дин, балки ба хешу табори эҳтиёҷманд, ятимону маъюбон ва мусофирону камбизоатҳо дода шавад. Садақаи дигаре, ки дар ин моҳи муборак анҷом мепазирад, садақаи ҷория аст, ки он ба созандагию ободонӣ марбут аст. Таъмир ва азнавсозии роҳҳо, таълимгоҳҳо, кӯпрукҳо, кӯчаю хиёбонҳо ва ғайра, ки анҷомдиҳандаи он ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират савоби зиёдро соҳиб мегардад.

Масъалаи дигаре, ки дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, аз тарафи баъзе ҳоҷиён ба тиҷорат табдил додани зиёрат мебошад. Бисёриҳо чанд бор барои зиёрати Каъба ба Макка мераванд, дар ҳоле ки метавонанд маблағи ҳаҷҷи такрориро барои кумак ба хешу табори муҳтоҷ, таъмири роҳи деҳа ё бунёди мактабе, ки фарзандонашон дар он бо шароити беҳтар таҳсил хоҳанд кард, сарф кунанд.

Ҳаҷҷи аслӣ хурсанд кардани дили ранҷур ва ниёзманд аст, зеро дили инсон хонаи Худо аст. Ба ин маънӣ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз саргузашти бузургони миллат мисол оварда, аз ашъори баланд­ғояи онҳо порчаҳо қироат намуданд.

Оид ба таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Пешвои миллат зикр карданд, ки аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ иштирок кардаанд, 675 нафар дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Шумораи кушташудагон беш аз 500 нафарро ташкил менамояд. Дар давоми чанд соли охир 23 имомхатиб ва ноибони онҳо, ки аъзои ниҳодҳои террористиву ифротгаройӣ буданд, дастгир шуданд. То имрӯз зиёда аз 3400 шаҳрванди Тоҷикистон аз таҳсили ғайриқонунӣ дар кишварҳои хориҷӣ баргардонида шуда, 400 нафари дигар бояд ба Ватан баргардонида шаванд.

Супоришҳо ҷиҳати риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки зимни суханронӣ садо доданд, шахсони масъулро дар ин самт ба масъулиятшиносии бештар водор менамояд.

Бегуфтугӯ, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки ман ҳам дар он иштирок намудам, хеле хотирмон ва муассир буд. Таҳлили амиқ ва ҳаматарафаи вазъияти сиёсии ҷаҳон ва баҳодиҳии мӯшикофона аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат ба он мекунад, ки барои хушбахтӣ ва ояндаи босаодати на фақат тоҷикон, балки аҳли башар, ҷаҳду талош ­доштанду доранд.

Сардорбек Азорабеков,

мудири шуъба оид ба корҳои дин,

танзими анъана ва ҷашну маросими миллии ВМКБ