Нисбат ба Изатулло Холов парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид

№39-40 (4301-4302) 30.03.2021

 Аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба шаҳрванд Холов Изатулло Амонович (Изат Амон), соли таваллудаш  1973, зодаи деҳоти «Чоряккорон»-и ноҳияи Рӯдакӣ, барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) бо мақсади аз маҳбас озод кардани шаҳрванд Шарипов Ҳасан, ки бо гуноҳи машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Федератсияи Россия қарор дорад, аз бародари ӯ — Шарипов Бобоҷон, сокини ноҳияи Восеъ бори аввал 40 ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуюм 1000 доллари ИМА рӯёнидааст. Вале дар мурофиаҳои тафтишотӣ иштирок накарда, барои ҳимояи айбдоршаванда Шарипов Ҳасан ягон кор ҳам анҷом надодааст.

Мувофиқи нишондоди Шарипов Бобоҷон  И. Холов ба боварии даҳҳо нафар корафтода даромада, бо роҳи фиреб маблағи калони пулии онҳоро аз худ кардааст. Аз ин лиҳоз, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нафароне, ки дучори фиребу қаллобии И. Холов гардидаанд, хоҳиш менамояд, ки дар ин хусус муроҷиат намоянд.

Ҳангоми мусодираи молу амволи бо роҳи ҷиноят бадастовардаи И. Холов зарари ба ҷабрдидагон расонидашуда ба инобат гирифта мешавад.

Телефони «Боварӣ»-и вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21.