Ноҳияи Ҳамадонӣ. 132 иншоот ба истифода дода шуд

№72 (4178) 18.06.2020

ramz_30solagiСокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дастуру супоришҳои Пешвои  миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият қарор дода, ободонию созандагиро ривоҷ бахшида истодаанд.

Бино ба иттилои раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода, то соли 2021 бунёд ва навсозии 242 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, сохтмону таъмири 132 иншоот ба анҷом расид. Дар 11 корхонаи саноатию истеҳсолии бунёдгардида — ду корхонаи регу шағал, чор корхона дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, коргоҳи истеҳсолии халтаҳои полиэтиленӣ, корхонаи мебел ва коргоҳи бандубасти ҷӯроб, дар маҷмӯъ, 110 ҷойи нави корӣ фароҳам шуд. Дар соҳаи савдо ва  хизматрасонӣ ­бунёди 41 иншоот бо таъсиси беш аз 123 ҷойи корӣ дар назар аст.

- Бо мақсади таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ дар сохтмони ду манораи обтаъминкунӣ, кашидани қубурҳои обгузар дар нуҳ маҳалла ба масофаи зиёда аз 5 километр ва насби 3300 ҳисобкунаки обӣ дар шаҳраки Москва ба итмом расид, — афзуд Бозоралӣ Одиназода. -  Инчунин, насби 12 зеристгоҳи хурд, таъмиру азнавсозии истгоҳи барқии «Гулзор», кашидани хатти барқ ба масофаи 6,5 километр ва чароғонкунии кӯчаҳо дар деҳоти «Даштигуло» бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша амалӣ шуд.

Якҷо бо соҳибкорони маҳаллӣ роҳҳои 18 маҳаллаи аҳолинишин дар масофаи 44,9 километр сангфарш, 22,15 километр мумфарш шуда, 4 пули мошингузар ба истифода дода шуд.

Аз тарафи соҳибкорони саховатпеша А. Абдуллоев ва эъмор Мирзоев корхонаи истеҳсоли шарбат дар деҳаи Марғоб ва аз ҷониби соҳибкор Д. Хушвахтов дар маркази шаҳраки Москва толори варзишӣ ба истифода дода шуд.

Тибқи гуфтаи раиси ноҳия соли 2020 бунёду нав­созии 112 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар семоҳаи аввали сол 30 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо мақсади беҳтар гардидани сифати таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар 16 муассисаи таълимӣ таъмиру тармим, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ бо аёнияту дигар лавозимоти дарсӣ ба анҷом расид.

Ҳамчунин, аз ҷониби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бинои нави дуошёнаи Раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо харҷи 1 млн. 300 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат боз бунёди 13 корхонаи дигари саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Исломи РАҶАБАЛӢ«Садои мардум»