Даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ - 2017

Ноҳияи Носири Хусрав. Нақша иҷро шуд

№39 (3676) 13.04.2017

Раиси ноҳияи Носири Хусрав Рамазон Оймаҳмадзода дар чорабинии бахшида ба даъвати баҳорӣ иброз дошт, ки ҳар сол ноҳия аз иҷрои нақшаи гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат нахустин шуда, мужда медиҳад.

- Ба муносибати пеш аз ҳама иҷро намудани нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ноҳияи мо борҳо бо ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гаштааст, — гуфт раиси ноҳия.

Тибқи иттилои комиссари ҳарбии ноҳияи Носири Хусрав майор Шуҳрат Сафаралиев, имсол низ дар се рӯзи аввали даъвати баҳорӣ аз ҳисоби ихтиёриён нақшаи гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пурра иҷро шудааст, яъне ноҳия пешсафиро аз даст доданӣ нест.

 С. САЙФИДДИН,

«Садои мардум»