Ноҳияи Рӯдакӣ. Чаро масъулин дар иҷрои қонун саҳлангорӣ мекунанд?

№151 (3788) 21.12.2017

Дар ноҳияи Рӯдакӣ давоми ёздаҳ моҳи соли равон 1037 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 адад зиёд аст. Аз 67 ҷинояте, ки аз ҷониби ноболиғон содир шудаанд, қисми зиёдашро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ содир намудаанд. Ин рақамҳо дар ҷаласаи васеи сайёри Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №-59-и деҳоти «Чимтеппа» баргузор гардид, ироа шуд. Дар ҷаласа татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баррасӣ шуда, прокурори ноҳия, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Муҳаммадвалӣ Шаҳидуллозода афзоиши ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғонро нигаронкунанда арзёбӣ намуд.

- Аксари ҷиноятҳое, ки аз ҷониби ноболиғон содир мешаванд, дуздӣ мебошанд. Боиси нигаронист, ки ғоратгарии ноболиғон дастаҷамъона ва гурӯҳӣ содир шудааст. Мо талош дорем, ки ҳеҷ кадоме аз иштирокчиёни ин муноқишаҳо беҷазо намонад, вале ба он такя хоҳем кард, ки миёни ноболиғон корҳои тарбиявӣ ба роҳ монда шаванд, чунки танҳо бо муҷозот наметавон ин мушкилро аз байн бурд, — таъкид намуд номбурда.

Зикр шуд, ки афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон натиҷаи бемасъулиятии волидайн ва афроди наздики онҳо мебошад. Чунки аксари ҷиноятҳои содиргардида нимашаб — соатҳои 22 — 23 ба амал омадаанд. Барои пешгирии ҷиноят миёни ноболиғон бояд, пеш аз ҳама, падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахши ҷавонон ва занон, комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкӯнӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд.

Таъкид гардид, ки таҳкими заминаи маънавии оила ба тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани ӯ, дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу Ватан, бунёдкорию созандагӣ тарбия кардани насли ояндасози ҷомеа тавъам аст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ, ба воя расондани насли наврасро масъалаи бисёр муҳим арзёбӣ менамоянд.

Дар ҷаласа мушкили дигари нигаронкунанда — қасд ба ҷони худ намудани наврасону ҷавонон низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Аз маълумоти пешниҳоднамудаи ёрдамчии калони прокурори ноҳия Баҳодур Ҳакимзода маълум гардид, ки нафароне ба худкушӣ даст мезананд, хусусан мактаббачаҳо, ба таври бояду шояд ба ёрии равонпизишкӣ фаро гирифта нашудаанд.

- Бинобар ин, — афзуд Б. ҳакимзода, — омӯзгоронро зарур аст ҳангоми дарс ба вазъи рӯҳии хонандагон диққати махсус зоҳир намуда, дар ҳолати мушоҳида кардани афсурдахотириву рӯҳафтодагӣ барои дилгармӣ ва болидарӯҳии онҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти ҷавононе, ки ба ҳаракатҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ шомил гаштаанд, дар ноболиғӣ низ ба ҷиноят даст задаанд, аз таъриху фарҳанги ниёгон огоҳ набуда, дар ниҳоди онҳо ҳисси миллӣ ва меҳанпарастӣ мавҷуд нест. Бисёре аз хонандагон бештари вақтро дар интернет — кафеҳо, марказҳои дилхушӣ ва бозорҳо сипарӣ менамоянд, ки ин аз хунукназарии падару модарон шаҳодат медиҳад. Бо ин бетаваҷҷуҳӣ волидайн талаботи банди 14-и моддаи 8-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро нақз мекунанд.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» на танҳо волидайн ва кормандони муассисаҳои таълимӣ, балки ҳар як фарди ҷомеаро, новобаста аз мансабу вазифа, ҳизбият ва мансубияти динӣ вазифадор месозад, ки дар ин самт бетарафиро ихтиёр накунад. Вай ба директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бинобар афзудани сатҳи ҷинояткорӣ дар 11 моҳи соли равон миёни ноболиғон барои ислоҳи камбудиҳо як моҳ муҳлат дод.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»