Ноҳияи Темурмалик: Аз бетаваҷҷуҳӣ роҳҳо мисли «пушти уштур» шудаанд

№93 (4043) 01.08.2019

davНигаронии ронандагону мусофирон аз валангор будани роҳҳои мошингарди ноҳияи Темурмалик хеле зиёд аст. Ронандагон ба он назаранд, ки аз бетаваҷҷуҳии масъулин роҳҳо «пушти уштур» гаштаанд.        

- Рафтан ба ноҳияи Темурмалик мушкил аст. Тӯли 10 сол бо мошини сабукрав дар хатсайри Восеъ — Темурмалик ба мусофиркашонӣ машғулам. Аз сабаби вайронии роҳ қариб ду моҳ пас мошин таъмирталаб мегардад, — гуфт ронанда А. Сайдалӣ.

Сардори Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Темурмалик Ҳусейн Саидзода изҳор дошт, ки яке аз сабабҳои таъмирталаб шудани роҳҳо набудани маблағ аст. Роҳҳо аз замони шӯравӣ то ба ҳол боре таъмир нашудаанд. Аз таъмирталаб будани роҳҳо ҳама огаҳанд. Ҳатто Сарвазири мамлакат ҳангоми сафар ба ноҳия аз ҳолати кунунии онҳо изҳори нигаронӣ кард.

dav- Дар нимсолаи аввали соли 2019 барои таъмиру нигоҳубини роҳҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ 87 ҳазору 469 сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ҳол он ки таъмири роҳ маблағи зиёдро талаб мекунад, — зикр кард номбурда.

Феълан муассиса нигоҳубини 206,71 километр роҳро ба зимма дорад, ки 58 километри он роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 146 километраш роҳи маҳаллӣ мебошад.

- Берун аз шаҳраки Совет 75,71 километр роҳ дар тавозуни ягон муассиса нест, — гуфт сармуҳандиси муассисаи болозикр Боймуҳаммад Эсанов.

Лозим ба ёдоварист, ки зимни нишасти матбуотӣ 23 июли соли 2019 муовини сардори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Кӯлоб Муродалӣ Хомушов ба хабарнигорон гуфт, ки дар шаҳру минтақаи Кӯлоб 1982 километр роҳ «бесоҳиб» аст. Таассуфовар он аст, ки масъулини идораи роҳсозии минтақаи Кӯлоб бо ин сабаб аз нигоҳубини ин роҳҳо даст кашидаанд. Ин дар ҳолест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2017 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд: «… таъмиру таҷдид ва нигоҳдории роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ ва шаҳраку деҳот вазифаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо мебошад ва дар ин самт корҳо бояд тақвият дода шаванд».

- Мутаассифона, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар ин давра барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ ҳатто 1 сомонӣ ҷудо нагардидааст. Танҳо 1 километр роҳи маҳаллӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёт таъмир шудаасту халос, — гуфт Ҳ. Саидзода.

Илова бар ин, аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бо сарфи 380 ҳазор сомонӣ 23 километр роҳи мошингузари деҳаҳои Ҷорубқул, Оличабулоқ ва Хуррамшаҳр пурра таъмир гардид.

Бояд гуфт, ки дар ҳама навоҳии минтақаи Кӯлоб кормандони муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо бо либосҳои махсус пайи иҷрои вазифа ҳастанд. Вале, ин ҳолатро дар ноҳияи Темурмалик мушоҳида накардем.

Шояд баъди нашри ин матлаб раиси тозатаъини ноҳия Ф. Аминзода сари ин масъала андеша кунад.

Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»