Ноҳияи Восеъ. Дастовардҳо аз рушди бемайлон шаҳодат медиҳанд

№95 (4045) 06.08.2019

IMG_20190717_173340Ноҳияи Восеъ соли 1936 ташкил ёфта, масоҳаташ 0,8 ҳазор километри мураббаъ буда, теъдоди аҳолияш ба 200 ҳазор нафар мерасад. Дар он маконҳои ҷолибу диданӣ, ба монанди Қалъаи Ҳулбук, Манзаратеппа, Нозкӯл, Эмоми Алӣ, Авғондилӣ, Даштидидӣ, Сопкадидӣ, осорхонаи Ҳулбук ва кӯҳи намаки Хоҷамуъмин, зиёданд.

Таърихшиносон бар ин назаранд, ки бидуни огоҳ будан аз таърихи  Қалъаи Ҳулбук таърихи вилояти Хатлонро омӯхтан номумкин аст.

Дар ноҳияи Восеъ кони машҳуртарини намак дар ҷаҳон — Хоҷамуъмин воқеъ аст, ки дар сурати мавҷуд будани инфрасохтори мусоид барои сайёҳон макони тамошо шуда метавонад, захираи он камаш як аср метавонад сокинони ҷаҳонро таъмин созад.

Далелҳо аз он ҳокианд, ки дар шаш моҳи соли равон нақшаи қисми даромади буҷети давлатии ноҳия 100 фисад иҷро гардидааст. Яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат сари вақт пардохт кардани нафақа мебошад. Дар ноҳия 17 ҳазору 293 нафақахӯр ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 381 нафар зиёд аст. Талаботи моҳонаи онҳо 5 миллиону 313 ҳазор сомониро ташкил дода, дар арафаи ҷашну идҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамдастӣ бо соҳибкорону саховатмандон ба онҳо кумак мерасонад.

Масъалаи дигаре, ки зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, таъмини корҷӯён бо ҷойи кор ва ба ин васила беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Дар ноҳия бо фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, коргоҳу нуқтаҳои хизматрасонӣ ба истифода дода шуда, 592 ҷойи нави кор фароҳам шуд. Масъулон азм доранд, ки шумораи ҷойҳои нави корро боз ҳам зиёд намуда,  сатҳи бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатиро коҳиш диҳанд.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 сармояи асосӣ аз ҳисоби манбаъҳои сармоягузорӣ 45 миллиону 935 ҳазор сомонӣ азхуд карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 24 миллиону 166 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар 61 иншооти таъиноти гуногун, аз қабили корхонаи асфалтбарорӣ, боғчаи бачагона, бунгоҳи тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, маркази тиҷоратӣ, сартарошхона ва кошонаи ҳусн ба истифода дода шуданд.

Илова бар ин, 14 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардида, маблағи азхудшуда 28,2 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, кишоварзон истеҳсоли маҳсулотро ба 210 миллиону 372 ҳазор сомонӣ расониданд, ки дар қиёс ба соли гузашта 24 миллиону 249 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин, хоҷагидорон 39234,9 тонна ғалладона, 621,1 тонна зағир, 11812,7 тонна сабзавот, 7911,6 тонна картошка, 6291 тонна полезӣ, 558,7 тонна меваҷот ва 6590,3 тонна зироати хӯроки чорво истеҳсол намуданд. Ҳамчунин, дар шаш моҳи соли равон 1351,4 тонна гӯшт, 12751,1 тонна шир, 1 миллиону 551,2 ҳазор дона тухм, 219,4 тонна пашм, 1,6 тонна пилла, 8,8 тонна асал ва 8 тонна моҳӣ истеҳсол гардид.

Ба хориҷи кишвар 2560 тонна сабзавот содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1060 тонна зиёд мебошад. Ҳамрадиф бо ин, аз тарафи ҶСК «Хоҷамуъмин» ба хориҷи кишвар, аз ҷумла, Афғонистон 65 тонна намаки ошӣ содирот шуд.

Рушди соҳаи саноат рушди давлат маҳсуб ёфта, пешрафти дигар соҳаҳо низ ба он марбут аст. Дастовардҳо дар ин самт низ арзандаи ситоиш буда, дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 35 миллиону 825 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар робита ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани солҳои 2019-2021 масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим доранд, мушкилоти ҷойдоштаро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бартараф сохта, сатҳи зиндагии мардумро боз ҳам боло бардоранд.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»