Ноболиғон солмандони фардо, яъне ояндаи давлатанд

№40 (4146) 02.04.2020

12121Ба ҷиноят даст задани ноболиғон яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа ба шумор меравад. Танҳо соли 2019 кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, бо вуҷуди гузаронидани чораҳои пешгирикунанда ва тарғиботӣ, содиршавии 873 ҷиноятро аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифтанд. Чанд соли охир ҷинояти аз ҳама маъмул, хусусан дар шаҳри Душанбе, ки аз тарафи ноболиғон содир мешавад, кордкашӣ дар байни мактаббачагон мебошад.

Сабаби майл ба ҷиноят кардани ноболиғонро ҷомеашиносон ба касодии ахлоқ ва аз тарбия дур мондани онҳо алоқаманд медонанд. Қариб даҳ сол пеш дар кишвар Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуда бошад ҳам, сафи ҷинояткорон аз ҳисоби ноболиғон кам нашудааст.

Бино ба маълумоти сардори Муассисаи тарбиявии ноболиғони ЯС 3/12 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори хизмати дохилӣ Даминзода Бобоҷон, айни ҳол дар муассиса 19 ноболиғ адои ҷазо менамоянд, ки бо ҷиноятҳои категорияи махсусан вазнин маҳкум шудаанд.

- Аз миёни онҳо ду нафар бо моддаи 138 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таҷовуз ба номус ва 15 нафар бо моддаи 139-и ҳамин кодекс — ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ ҷазо гирифтаанд, — гуфт Даминзода Бобоҷон ва афзуд: — Дар таркиби ҷинояти содирнамудаи ду маҳкумшудаи дигар, ҷиноятҳои дар моддаи 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят) ва моддаи 104 (аз ҳаёт маҳрум кардани шахс) зикршуда вуҷуд дорад.

Муассисаи тарбиявии ноболиғон дар як вақт 150 нафарро ба тарбия фаро гирифта метавонад. Ҳоло хурдтарин ноболиғи маҳкумшуда дар муассиса 14-сола аст. Маҳкумшудагони ноболиғе, ки ба синни 18 мерасанд, ба муассисаҳои ислоҳӣ фиристода, дар низоми умумии адои ҷазо нигаҳдорӣ мешаванд. Тавре маълум гардид, дар муассисаи тарбиявӣ ноболиғоне, ки ҷиноятҳои гурӯҳӣ содир карда бошанд, нестанд.

- Дар асоси моддаи 1 сархати 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки 25 октябри соли 2019 таҳти №1648 қабул гардид, аз Муассисаи тарбиявии ноболиғон 60 нафар маҳкумшуда аз адои муҳлати боқимондаи ҷазо бо ҷиноятҳои категорияи миёна, начандон вазнин, вазнин ва махсусан вазнин озод карда шуданд. Аз ҷумла, се нафар ноболиғе, ки бо моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумурии Тоҷикистон (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ), як нафар бо моддаи 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), ҳашт нафар бо моддаи 237 (авбошӣ), як нафар бо моддаи 241 (ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ), 35 нафар бо моддаи 244 (дуздӣ), ёздаҳ нафар бо моддаи 248 (ғоратгарӣ) ва як нафар бо моддаи 249 (роҳзанӣ) маҳкум шуда буданд, авф гардиданд, — зикр кард Даминзода Бобозода.

Ӯ, ҳамчунин, афзуд, ки мутобиқи талаботи моддаи 7 сархати 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», нисбат ба 18 нафар маҳкумшудаи дигар аз чор як ҳиссаи муҳлати адонагардидаи ҷазо кам карда шуд, ки асосан категорияи ҷиноятҳои махсусан вазнинро содир намудаанд.

Табиист, ки аксари маҳкумшудагон аз беандешагӣ ва дур мондан аз тарбияи волидон даст ба ҷиноят задаанд. Пас, оё дар муассисаи тарбиявӣ онҳо ба тарбия ва таълим фаро гирифта мешаванд? Дар робита ба ин масъала Даминзода Бобоҷон чунин изҳор дошт:

- Шароити нигоҳдории маҳкумшудагони ноболиғ хуб аст. Онҳо бо хӯрок ва сарулибос таъминанд. Муассиса бо ташкилотҳои хайриявӣ ҳамкорӣ менамояд ва онҳо маҳкумшудагони ноболиғро бо китобҳои дарсӣ, таҷҳизоти техникӣ (компютер), либосҳои зимистонаю тобистона, таъмин менамоянд. Бахусус, ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе маҳкумшудагон аз тарафи Ташкилоти хайриявии «Олами китоб» бо хӯроки яквақтаинаи гарм таъмин мегарданд.

Дар муассиса мушоҳида кардем, ки дар як тараф корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармим идома дорад. Ба мо гуфтанд, ки барои маҳкумшудагони ноболиғ ошхонаи замонавӣ ва ташхисгоҳи тиббӣ сохта истодаанд.

Маълум гардид, ки дар назди муассиса мактаби миёнаи шабонаи №12 амал менамояд ва маҳкумшудагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

- Ба маҳкумшудагон муаллимони ботаҷриба аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, алгебра, геометрия, забонҳои русӣ, англисӣ, таърихи халқи тоҷик, таърихи ҷаҳон, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, экология, санъати тасвирӣ, суруд ва мусиқӣ таълим медиҳанд. Илова бар ин, ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе, пас аз анҷоми дарсҳо, омӯзгорони мактаб бо хонандагон дар мавзӯъҳои тарбиявию ахлоқӣ ва сиёсӣ суҳбат мегузаронанд, — гуфт Бобоҷон Даминзода.

Бино ба қавли ӯ, бо маҳкумшудагон баъди дарсҳои мактабӣ аз тарафи адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода дарсҳои иловагӣ баргузор ва байни онҳо озмунҳои қироати шеър ва мутолиаи китобҳои бадеӣ доир мегардад.

Ноболиғоне, ки то ҳабс шудан дар мактабҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳсил накардаанд ва ё танҳо таҳсилоти ибтидоӣ доранд, пас аз ворид шудан ба мактаби назди муассиса ба синфи панҷ номнавис ва ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Омӯзгорон нисбат ба онҳо сахтгиру серталабанд, зеро аксарият хондану навиштанро маҳз дар муассисаи тарбиявӣ омӯхта истодаанд.

Сардори муассиса илова намуд, ки ҳар сол ба хонандагони синфҳои 9 ва 11, пас аз супоридани имтиҳоноти хатм, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи мактаби таҳсилоти миёнаи шабонаи №12 дар назди муассисаи тарбиявӣ, аттестат супорида мешавад. Ҳоло ният доранд, ки барои маҳкумшудагони ноболиғ дар муассисаи тарбиявӣ курсҳои касбомӯзӣ низ ташкил намоянд, то ин ки онҳо дар баробари адои ҷазо, касбу ҳунар ҳам омӯзанд. Вале, бо вуҷуди андешидани чораҳои тарбиявӣ ва ба таҳсил фаро гирифтани ноболиғон, маҳкумшудагоне ҳам ҳастанд, ки баъди озод шудан такроран даст ба ҷиноят задаанд. Ҷиноятҳое, ки онҳо такроран содир кардаанд, асосан дуздӣ ва авбошӣ мебошанд.

Аммо, новобаста аз ин, қариб аксари ноболиғон дар муассисаи тарбиявӣ аз рӯи ҷинояти ҳаракати зӯроварии хусусияти шаҳвонидошта адои ҷазо менамоянд. Ин далели он аст, ки ноболиғон аз лиҳози ахлоқӣ заиф тарбия ёфтаанд ё тамоман тарбия нагирифтаанд. Яке аз сабабҳои содиршавии ҷиноятҳои хусусияти зӯроваридоштаро аз тарафи ноболиғон ба он алоқаманд медонанд, ки онҳо бо эҳтимоли зиёд дар муҳити носолим ба воя расидаанд ва ё мавриди истисмору зӯроварӣ қарор гирифтаанд.

Омилҳои ба ҷиноят даст задани ноболиғон гуногунанд, аммо нуқтаи муштарак дар миёни ҷиноятҳои содиршуда он аст, ки онҳо аз назорат дур мондаанд. Пас, ҷомеа, хусусан, падару модар, бояд ҳар чӣ бештар ба назорат ва тарбияи фарзандон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Зеро ноболиғон солмандони фардо, яъне ояндаи давлатанд. Ба ифодаи дигар, фардои давлат аз бисёр ҷиҳат вобаста ба он аст, ки ноболиғон алҳол чӣ гуна тарбия мегиранд.

М. УСМОН,

«Садои мардум»