Номаҳои шодбош

№115 (4377) 14.09.2021

ramz_30solagiБа муносибати 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои шодбош ворид гардиданд.

Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Ман мехоҳам беҳтарин таманниёти хешро ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии кишваратон расонам.

Дар ин даврони мушкил бори дигар аз аҳамияти саҳми ҳар як кишвар ба беҳбуди ҷаҳон ёдрас мегардем. Чун мо ҷиҳати паси сар намудани ҳамагирии коронавирус якҷоя кор намуда истодаем, мо бояд бо истифода аз барқароршавӣ ҷомеаҳои пойдору устувортар бунёд намоем. Моро, ҳамчунин, зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти изтирории иқлим далерона амал намуда, барои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор талошҳоро қавӣ гардонем.

Дар ин Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ман ба кумаки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими Созмони Милали Муттаҳид ва бунёди олами беҳтару сулҳпарвар барои ҳамагон умед мебандам.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми маро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров чунин номаи шодбош ирсол намудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Ба муносибати иди муҳими давлатӣ – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимитарин табрикоти маро бипазиред.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ зимни татбиқи ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр ва мустақил ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид.

Умед дорам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо, роҳи рушди устуворро ба мақсади таъмини ҳаёти осоишта ва накуи мардум ва давлат идома хоҳад дод.

Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва хуби ҳамсоягӣ миёни ду кишвар дар оянда низ ба нафъи шукуфоии Қирғизистон ва Тоҷикистон тақвият хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиҳатмандии комил ва комёбиҳо дар фаъолияти давлатиатон ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу осоиш ва беҳрӯзӣ таманно менамоям».

Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар барқияаш навиштааст:

«Ҷаноби Президент!

Мехоҳам Шумо ва мардуми Шуморо бо ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намоям.

Ин фурсати фараҳбахшро чун соли гузашта оқибатҳои пандемияи COVID — 19, ки ба ягон кишвари дунё бетаъсир намонданд, тира сохтаанд.

Боварӣ дорам, ки мо метавонем пандемияро бо амали муштарак ва ибрози ҳамдилӣ пушти сар намоем. Германия дар ин ҷода тамоми саъю талоши худро ба харҷ дода истодааст. Бо дар назар гирифтани вазъи кунунии Афғонистон қайд карданиам, ки Германия ҳамчун шарики муътамад ҷонибдори Тоҷикистон мебошад.

Зиёда аз ин, изҳори умед менамоям, ки соли оянда зимни ҷашну чорбиниҳои бахшида ба 30 — солагии муносибатҳои дуҷонибаамон, мо метавонем таваҷҷуҳоти мусбатамонро муайян намуда, ба оянда муштарак назар афканем.

Ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон беҳтарин хушиҳои зиндагӣ, инчунин, сулҳу шукуфоиро хоҳонам».

Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар матни табрикотии худ гуфтааст:

«Ҷаноби Президент, дӯсти азизам!

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро шахсан аз номи худам ва аз номи мардуми Туркия аз самими қалб табрик менамоям.

Итминони комил дорам, ки бо кӯшишу талошҳои якҷоя муносибатҳоямонро, ки такони тоза ёфтани онҳо боиси хушнудист, ба зинаҳои боз ҳам баландтар мебардорем.

Бо истифода аз фурсат таманниёти беҳтарини хешро баҳри тансиҳативу хушбахтии Ҷаноби Олӣ ва беҳбудиву осудаҳолии мардуми дӯсти Тоҷикистон баён менамоям».

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд, дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

«Ҷаноби Олӣ!

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҳиндустон ва аз номи худ Шумо, Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишваратон табрику муборакбод менамоям.

Ҳиндустон ва Тоҷикистон робитаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ доранд. Бовар дорам, ки дар якҷоягӣ мо муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории худро дар форумҳои гуногуни минтақавӣ ва бисёрҷониба тақвият хоҳем дод.

Ман саҳми шахсии Шуморо дар густариши робитаҳои дуҷонибаи кишварҳои дӯсти мо хеле баланд қадр мекунам. Таҳти роҳбарии тавонои Шумо Тоҷикистон дар баробари мушкилиҳои замони муосир ба роҳи рушду шукуфоӣ пеш рафт.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатӣ, хушбахтӣ ва дар талошҳоятон дар роҳи беҳбудӣ ва шукуфоии миллати тоҷик ва мардуми он комёбиҳо орзумандам.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтироми худ ба шумо ғанимат медонам».

Дар паёми шодбошии Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Сарфарозам ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол намоям.

Ман аз муносибатҳои дӯстонаи дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Австрия хушҳолам, аз ҷумла, аз ҳамкории сатҳи олӣ дар соҳаи энергетика, ки аз муҳимтарин самт дар таъмини энергияи устувор баҳри ояндаи ҳар дуи кишварҳоямон мебошад.

 Бо истифода аз фурсати фараҳбахш таманниёти беҳтарини худро барои тансиҳатии Шумо ва пешрафту шукуфоии мардуми Тоҷикистон иброз менамоям».

Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Ҷэ Ин дар барқияаш навиштааст:

«Ҷаноби Президент!

Ба муносибати 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо — ҷаноби Президент ва мардуми Тоҷикистонро самимона табрик менамоям.

Бо таҷлили ҷашни 30 — юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ дар соли оянда, ман умед дорам, ки муносибатҳои дӯстонаи байни ҳар ду кишвар боз ҳам рушд карда, дӯстии халқҳоямон устувортар мегардад.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, саломатӣ, хушбахтӣ ва рушду нумуи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таманно дорам».

Шоҳи Малайзия Ал-Султон Абдуллоҳ Риоятуддин Ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ ибни Алмарҳум Султон Ҳоҷӣ Аҳмад Шоҳ Ал-Мустаъин Биллоҳ чунин номаи шодбош ирсол намудааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълоҳазрат Малика (Раҷа Пермайсури Агонг) ба мо ҳамроҳ шуда, ба Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти гарму ҷӯшони хешро бо шодбошиҳои беҳтарин изҳор медорем.

Малайзия ва Тоҷикистон аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 муносибатҳои наздики дуҷониба ба роҳ мондаанд. Бигузор робитаҳои деринаи байни ду кишвар ва халқҳо дар солҳои минбаъда инкишоф ёбанд.

Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва хушбахтӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу амонӣ ва пешрату шукуфоиро самимона таманно мекунам».

Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов чунин омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Табрикоти самимии маро ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Ба шарофати ҷаҳду талош ва роҳбарии хирадмандонаи Шумо Тоҷикистон сиёсати хориҷии фаъолро татбиқ намуда, нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшид ва дар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаётии давлат ба натиҷаҳои бузург ноил гашт.

Хеле хурсандибахш ва рамзист, ки раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, ки 20 — солагии таъсисёбии худро ҷашн мегирад, ба ин рӯзҳо рост меояд.

Хизматҳои Шумо ба сифати яке аз асосгузорони СҲШ дар боло бурдани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар фазои СҲШ нақши калон доранд.

Иҷлосияҳои зери роҳбарии Шумо доиргардида, татбиқи ташаббусҳои аз ҷониби Шумо пешниҳодшуда, инчунин, санадҳои асосие, ки Шумо ба имзо расонидаед, дар роҳи ташаккулёбии СҲШ тақдирсоз буданд.

Бовар дорам, ки раёсати ҷории Тоҷикистон дар СҲШ зимни ҷараёни Иҷлосияи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки 16-17 сентябри соли 2021-ум дар Душанбе баргузор мегардад, сазовори баҳои баланд хоҳад шуд. Санадҳои нақшавие, ки қабул мешаванд, инчунин, қарорҳои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи мутақобилан судманд ва самараноки СҲШ мусоидат хоҳанд кард.

Аз ин фурсат истифода бурда, ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Президент, саломатии бардавом ва дар мансаби баланди давлатиатон муваффақият, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, минбаъд ҳам осмони соф ва шукуфоӣ хоҳонам».

Дар табрику таҳнияти Подшоҳи Испания Фелипе чунин омадааст:

«Ҷаноби Президент!

Ба муносибати 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ман дар ҳамроҳӣ бо ҳукумат ва мардуми Испания ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, табрикоти самимонаи худро арз менамоям.

Ҷаноби Олӣ, таманниёти беҳтарини маро оид ба осудагӣ ва осоиши шахси худ ва сулҳу шукуфоӣ барои мардуми азизи тоҷик бипазиред.

Лутфан эҳтиромоти самимии маро қабул фармоед».

Дар номаи табрикии Президенти Ҷумҳурии Португалия Марсело Ребело де Соузаро чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Шуморо ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба мардуми тоҷик пешравӣ ва шукуфоӣ орзумандам».

Президенти Ҷумҳурии Сингапур Ҳалима Яъқуб, дар ­барқияи шодбоши худ зикр менамояд:

«Ба Ҷаноби Олӣ,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси камоли хушнудии ман аст, ки ба муносибати иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мардуми Сингапур самимитарин табрикот ва беҳтарин таманниёти сулҳу саодат ва шукуфоиро ба кишвар ва мардуми Шумо расонам.

Сингапур минбаъд ҳам бо саъю талоши муштарак барои бартараф кардани пандемияи COVID — 19 ва коҳиш додани оқибатҳои он бо мақсади ҳифзи ҳаёти одамон ва василаҳои мавҷудияти онҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкории зичро идома хоҳад дод».

Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-о-ча, дар барқияаш гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Шарафмандам, ки аз номи Ҳукумати Шоҳигарии Таиланд ва мардуми он самимитарин табрикот ва беҳтарин таманниёти худро ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям.

Шодам, ки Таиланд ва Тоҷикистон аз муносиботи гарм бархӯрдоранд. Бовар дорам, ки равобит ва ҳамкориҳои дуҷонибаи мо минбаъд ҳам ба нафъи ҳар ду кишвар ва мардуми мо таҳким хоҳанд ёфт.

Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти амиқи маро қабул фармоед».

Генерал-губернатори Иттиҳоди Канберраи Австралия Дэвид Хёрли дар номаи табрикотии худ навиштааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Иҷозат фармоед шахсан аз номи худ, Ҳукумат ва мардуми Австралия ба муносибати 30-солагии қабул намудани Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таманниёти гарм­тарини худро ба Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон  расонам.

Ба Шумо дар ин замони пурпечутоб, ки ҳамаи мо ҳалли мушкилоти марбут ба вируси COVID-19-ро идома дода истодаем, беҳтарин орзуҳои худро иброз менамоям.

Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстии байни кишварҳоямон минбаъд ҳам шукуфо боқӣ хоҳанд монд».

Президенти Африкаи Ҷанубӣ Матамела Сирил Рамафоса дар барқияи шодбоши худ зикр менамояд:

«Ҷаноби Олӣ!

Мардум ва Ҳукумати Африкаи Ҷанубӣ ба гармтарин табрикот ва таманниёти ман ба Ҷаноби Олӣ, мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ — 9 сентябри соли 2021 шариканд.

Иҷозат фармоед, ки бо истифода аз ин имконият, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии комил орзу намуда, инчунин, аз сари нав хоҳиши ин ҷонибро ҷиҳати боз ҳам бештар тақвият додани робитаҳои наҷиби дӯстӣ, ки байни кишварҳоямон мавҷуданд, таъкид намоям.

Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти амиқи маро қабул намоед».

Президенти Ҷумҳурии Исломии Мавритания Муҳаммад Валид аш-Шайх ал-Ғазавонӣ дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

«Ҷаноби Олӣ ва бародари азиз!

Боиси хурсандист, ки ба Шумо — Ҷаноби Олӣ беҳтарин таманниёти худро ба муносибати таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишваратон таҳният гӯям ва ба мардуми бародари тоҷик пешравӣ ва шукуфоиро орзу намоям.

Ҳамчунин, ба Шумо омодагии комили ин ҷонибро барои ҳамкорӣ ҷиҳати рушд додани муносибатҳо байни кишварҳоямон, ки ба манфиати ҳар ду мардуми бародар мебошад, изҳор менамоям.

Ҷаноби Олӣ ва бародари азиз, лутфан эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

Дар паёми шодбоши Президенти Ҷумҳурии Малта Ҷорҷ Велле омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Ман ва мардуми Ҷумҳурии Малта Шумо ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод менамоям.

Ман итминони комил дорам, ки байни кишварҳои мо силсилаи имкониятҳои ҳамкории муштараки мутақобилан судманд вуҷуд дорад, ки метавонанд ба нафъи халқҳо ва кишварҳои мо бошанд.

Пеш аз ҳама, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, пас аз сар задани ҳамагирии COVID-19 муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба изҳороти ҳамбастагии худ идома дода, кулли миллатҳо дар мубориза бар зидди ин мушкилоти бесобиқаи башарият муттаҳид бошанд, то тавонанд барқарорсозии устуворро пас аз ҳамагирӣ таъмин намоянд.

Ман бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо саломатии хуб, осудагӣ ва барои кишваратон сулҳу шукуфоиро таманно менамоям.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми маро бипазиред».

Дар барқияи шодбоши собиқ Президенти Украина Леонид Кучма омадаст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент!

Аз самими қалб, Шуморо ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.

Новобаста ба таҳдиду чолишҳое, ки кишвари Шумо, бахусус, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ рӯ ба рӯ гардида буд, Тоҷикистон тавонист ҳамаи мушкилотро паси сар кунад.

Ҳодисаҳои охир, ки дунёро ба ларза оварданд, бори дигар соҳибихтиёр ва комёб будани Тоҷикистонро ба сифати кафили сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон таъйид намуданд.

Ва имрӯз чун солҳои қабл, Шумо қотеъона масъулияти тақдири ояндаи миллататонро комилан ба дӯши худ гирифтед.

Украина ва Тоҷикистон ҳамеша шарик ва дӯстони боэътимод буданд. Бовар дорам, ки кишварҳои мо дар оянда низ ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва пурсамар идома хоҳанд дод.

Муҳтарам Президент, мехоҳам ба Шумо сиҳатмандии комил ва илҳоми саршор, ба мардуми Тоҷикистон хушбахтӣ ва некрӯзӣ орзу намоям».

Дар барқияи табрикии Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон – Шоҳзода Карим Исмоил Оғохон гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо хурсандии бепоён дар ин рӯзе, ки Шумо 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиред, ман ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми тоҷик табрикот ва таманниёти неки худро иброз менамоям.

Имомати Исмоилия ва ниҳодҳои Ташкилоти Оғохон оид ба рушд ба шарикии дарозмуддати мо бо Тоҷикистон содиқ мемонанд, зеро мо кӯшиш менамоем, ки ҳадафҳои Ҳукумати Шуморо барои беҳтар кардани сифати зиндагии ҳамаи мардуми тоҷик дастгирӣ намоем.

Дар ин рӯзи фархунда ман дуогӯи сулҳу субот ва шукуфоии кишвари бузурги Шумо мебошам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Бо камоли майл, ба Шумо ва дар шахси Шумо ба тамоми мардуми кишваратон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон табрикоти самимитарини худро арз менамоям.

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаатон кишвари Шумо, ки аз роҳи рушди устувор дар ҳаракат буд, дар кори таҳкими давлатдорӣ ва пешрафти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳамзамон дар арсаи байналмилалӣ обрӯву эътибор касб намуд. Дастовардҳои кишвари дӯсти Шумо боиси хушҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад.

Мо ба рушди муносибатҳо миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон, ки ба анъанаҳои нек ва пурғановат асос ёфтаанд, аҳамияти хос зоҳир менамоем. Муколамаи сиёсии сатҳи олӣ миёни ду кишвар, сафарҳои мутақобила, ҳамкориҳои босамар дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, ки мунтазам дар ҳоли густариш қарор доранд, омилҳои асосии муносибатҳои гуногунсамти мо мебошанд.

Бовар дорам, ки мо дар оянда низ ба талошҳои муштараки худ, ки барои таҳкими робитаҳои анъанавии дӯстона ва густариши минбаъдаи соҳаҳои ҳамкорӣ миёни ҳар ду кишвар нигаронида шудаанд, муваффақона идома хоҳем дод.

Дар ин рӯзи муҳим, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, бори дигар ба Шумо табрик арз намуда, бароятон сиҳатмандии комил, хушбахтӣ, комёбиҳо дар кор ва барои мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу осоиш таманно мекунам».

Дар табрикномаи Императори Ҷопон Нарухито чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандии зиёд ба Ҷаноби Олӣ табрикоти қалбӣ, таманниёти самимии неки саодатмандӣ ва шукуфоии мардуми кишваратонро ирсол менамоям».

Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян дар барқияи шодбошӣ зикр менамояд:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент!

Шуморо ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик менамоям.

Ба Тоҷикистон самимона рушду пешрафт, инчунин дар доираи дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, ки ба некуаҳволии шаҳрвандон ва таҳкими нақши кишвари Шумо дар арсаи байналмилалӣ равона шудааст, пешравии муттасил таманно менамоям.

Бовар дорам, ки ҳамкории байни Арманистону Тоҷикис­тон, ки бар асоси дӯстии мардумони кишварҳоямон устувор шудаанд, бо саъю талоши муштарак метавонанд такони тоза ёфта, дар соҳаҳои асосии ҳамкориҳои байнидавлатӣ боз ҳам васеътар зоҳир гарданд.

Ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Президент, саломатӣ, саодат ва муваффақият, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам».

Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел, дар барқияи шодбошӣ чунин овардааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент!

Мехостам сипоси худро ба шумо барои суҳбати ба наздикӣ тариқи телефон анҷомдодаамон изҳор намуда, аз номи Иттиҳоди Аврупо Шумо ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишваратон самимона табрик гӯям.

Дар тӯли 30 сол Тоҷикистон дар давлатсозиву миллатсозӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида, барои сулҳ, субот ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ заҳмати зиёд ба харҷ додааст.

Иттиҳоди Аврупо ҳамчун шарики деринаи Тоҷикистон минбаъд ҳам ҷонибдории худро аз ин талошҳо тавассути муколамаи сиёсӣ дар асоси ҳамкории дуҷониба, инчунин, дар раванди ҳамкории минтақавӣ оид ба рушд ҳифз менамояд. Мо умед дорем, ки кишвари шуморо дар роҳи навсозӣ ва ислоҳот бо истифода аз имконоти пурраи гузариш ба энергияи сабз, рақамисозӣ ва таҳкими робитаҳои минтақавӣ дастгирӣ менамоем. Тоҷикистон ҳам аз манобеи табиӣ ва ҳам аз сармояи инсонӣ бой аст ва Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки таҳсил ва малакаҳои насли ҷавонро дастгирӣ кунад.

Мо дархости кишвари шуморо дар бораи баланд бардоштани сатҳи муносибатҳои кунунӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва оғози музокирот дар бораи Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ истиқбол менамоем.

Дар навбати худ, мо раванди омодагии дохилии худро идома дода истодаем ва ба Шумо итминон доданием, ки мо саъй дорем, то раванди гуфтушунидро ҳар чӣ зудтар оғоз намоем.

Сарфи назар аз душвориҳое, ки пешорӯи минтақаи шумост, ба кишвари Шумо – ҷиҳати таъмини шукуфоӣ ва субот ба мардуми Тоҷикистон бошад, хушбахтӣ ва комёбиҳои беназир таманно дорам.

Ниҳоят, бори дигар рағбати инҷонибро ҷиҳати пазироии шумо дар Брюссел арз медорам.

Лутфан Ҷаноби Президент итминони эҳтироми амиқи моро қабул фармоед».

Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар барқияаш гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон !

Дуруду салом ва самимонатарин таҳният ва табрикоти хешро ба Шумо ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз менамоям.

Сарфарозам ба ин муносибати ҷашни фараҳбахш ба Шумо, Ҷаноби Олӣ беҳтарин дуруду таманниёт, хушнудӣ, комёбиву сиҳатии бардавом ва ба мардуми Тоҷикистони дӯст пешрафту шукуфоӣ орзу намоям.

Лутфан, эҳтироми фоиқаи моро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла дар номаи шодбошӣ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон!

30-солагии эъломи Истиқлолияти давлатӣ барои ба Шумо, ҷаноби Президент, инчунин, ба ҳамватанони Шумо ирсол намудани таманниёти самимии шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсати гуворост.

Муносибатҳои дӯстонаамон, ки дар тӯли замони зиёд барқарор шудаанд, моро ҷиҳати минбаъд ҳам таҳким бахшидани равобити байни Душанбеву Рим, чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо некбин месозанд.

Вобаста ба афзоиш ёфтани шиддати вазъ дар матни минтақа, кишварҳои мо уҳдадоранд, ки бо шарикони дигари ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати андешидани тамоми чораҳо, ки ба бартараф намудани хатари бесуботӣ ва тезутунд намудани авзои фавқулодаи гуманитарӣ равона шудаанд, ҳамкорӣ намоянд.

Бо чунин таманниёт барои Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикис­тон беҳтарин табрикоти Ҷумҳурии Италияро ирсол менамоям».

Генерал-губернатори Канада Мэри Мэй Саймон дар барқияаш гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Аз номи тамоми канадагиҳо Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишваратон табрик менамоям.

Канада ба шарикии стратегӣ бо Тоҷикистон баҳои баланд медиҳад.

Мо чун пештара ҷонибдори таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷонибаамон, хусусан вобаста ба чунин масъалаҳои умда чун сулҳи минтақавӣ ва амният, идораи минтақавии захираҳои об ва дигаргуншавии иқлим мебошем.

Канада, инчунин, муҳимияти саъю талоши муштаракро ҷиҳати коҳиш додани ҳамагирии COVID-19 эътироф менамояд ва чун дар гузашта ҷонибдори дастгирӣ намудани КОВАКС барои таъмини дастрасӣ ба вояҳои COVID-19 дар тамоми ҷаҳон мебошад. Канада бо камоли қаноатмандӣ ба Тоҷикистон барои мубориза бо паҳншавии вирус ва таҳкими низоми тандурустии кишвар ба шарофати ҳамкориамон бо Бунёди Оғохон мусоидат мекунад.

Ба Шумо ва шаҳрвандони Шумо сулҳу субот ва некуаҳволӣ орзу намуда, бесаброна имкониятҳои таҳкими минбаъдаи робитаҳои миёни ҳар ду кишварамонро мунтазирем».

Президенти Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян дар барқияи шодбошӣ чунин зикр намудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимии маро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Арманистон ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи муҳим зоҳир менамояд. Кишварҳои мо ҳамкории самаранок ва мутақобилан судмандро чӣ дар асоси дуҷониба ва чӣ дар чорчӯби як қатор созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ рушд дода истодаанд.

Бовар дорам, ки талошҳои муштараки мо минбаъд ҳам ба таъмиқи равобити байни Арманистону Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ба нафъи мардумонамон мусоидат хоҳанд кард.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом ва некуаҳволӣ, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон бошад, сулҳу шукуфоӣ хоҳонам».

Номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат аз номи Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд — Валиаҳд, муовини Раиси Шӯрои вазирон, вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башор Асад, Президенти Ҷумҳурии Гана Нана Аддо Данква Акуфо-Аддо, Президенти Ҷумҳурии Никарагуа Даниел Ортега Сааведра ва Наталия Герман — Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ низ ворид гардиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти мамлакат ба муносибати ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.