Номзадҳои нав ба вакилии Маҷлиси намояндагон

№8 (4114) 14.01.2020

Муҳаммад ШодиёнНуҳуми январи соли 2020 дар Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, конференсияи якҷояи ҲХДТ дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.

Дар конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз ҳавзаи якмандатаи Кӯшониён, №27 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокдорон номзадии Шодиён Муҳаммад Султонзода — ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Номбурда доктори илмҳои педагогӣ, профессор мебошад.

Худи ҳамон рӯз конференсияи якҷояи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Бохтар, Левакант ва ноҳияи Кӯшониён дар кохи «Ватан»-и шаҳри Бохтар доир гардид, ки дар он Шарипов Саидбурҳон Ғазоевич — директори Литсейи касбӣ – техникии шаҳри Бохтар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Бохтар, №26 номзад пешбарӣ шуд.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»