Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам

№155 (3792) 28.12.2017

DSC02264Чанде пеш дар Маркази савдои ­«Ёвар»-и шаҳри Душанбе Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» баргузор гардид.

Он бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди анъанаҳои неки гузаштагон ташкил карда шуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ифтитоҳи Фестивал таъкид кард, ки баргузор намудани он падидаи нек аст.

- Лаззати нони тоҷикӣ дар ҷаҳон ҳамто надорад. Нон ягона ғизое мебошад, ки инсонҳоро новобаста аз синну сол, ҷинсият, мансубияти диниву этникӣ ва касбукори гуногун дар гирди миз муттаҳид месозад. Аз ин хотир, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» минбаъд, ҳар сол баргузор мешавад, — гуфт А. Раҳмонзода.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, дар замони соҳиб­истиқлолии кишвар 66 корхонаи истеҳсоли орд ва 50 коргоҳи қаннодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дар 11 моҳи соли равон аз ҷониби корхонаҳои нонпазӣ ва қаннодӣ 377572 тонна маҳсулот истеҳсол шудааст.

Ба ҷамъомад нонпазҳо аз 30 шаҳру ­ноҳияи ҷумҳурӣ ва корхонаҳои қаннодии шаҳри Душанбе ҷалб гардида, намудҳои гуногуни нон, аз қабили «Нони тоҷикӣ», «Чаппотӣ», «Фатир», «Кулчаҳои хурду калон», «Таҳмол», «Орзуқ», «Фатири қад-қад», «Қалама», «Ҳалвоҳои сурху сафед», дар маҷмӯъ беш аз 100 номгӯйи маҳсулоти нонию қаннодиро пешниҳод намуданд.

Ҳунари нонпазию қаннодӣ ва дастархонороӣ тибқи се номинатсия — «Нонпази беҳтарин», «Ороиши дастархон» ва «Намоиши нон» аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ ва ба ғолибон ҷоизаҳо супорида шуд. Аз рӯи ҳама номинатсия шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон мақоми аввалро соҳиб шуданд. Дар фарҷом ба ташаб­бускорон ва иштирокчиёни фаъол диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»