Норасоии мутахассисон монеи рушди сайёҳӣ дар Рашт мебошад

№144 (3781) 05.12.2017

обббббРашт яке аз ноҳияҳои зебоманзари Тоҷикис­тон ба шумор рафта, дорои табиати рангин ва ёдгориҳои таърихии зиёд мебошад. Дараҳои хушманзараи Камароб, Ясман, Қалъанак, Ҳоит ва мавзеи таърихии Фолума дили ҳар бинандаро тасхир месозанд. 

Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Сайидаҳрор Сайҷалолов гуфт, ки дар сурати иҷрои пурраи «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» ҳар сол ташрифи зиёда аз 300 сайёҳи хориҷӣ ва зиёда аз 1000 сайёҳи дохилӣ ба ноҳияи Рашт пешбинӣ шудааст. Тайи се соли охир роҳбарияти ноҳия баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии  аҳолӣ ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ чораҳои мушаххас андешида, роҳи маркази ноҳия ва роҳҳои ҷамоати шаҳраку деҳотро аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ баровард.

Бино ба гуфтаи С. Сайҷалолов, мушкилоти асосӣ дар ин самт набудани ширкатҳои сайёҳӣ ва нарасидани мутахассисони соҳа мебошад. Соҳибкорони маҳаллӣ бо сабаби надоштани сармоя ва баланд будани фоизи қарзи бонкҳо имконияти  сохтани марказҳои хизматрасониро дар мавзеъҳои тамошобоби кӯҳӣ надоранд. Ташкил кардани хатсайрҳо, таҳияи харитаи мавзеъҳои тамошобоб ва паҳн намудани иттилоот дар шабакаи Интернет ба рушди соҳаи туризм дар ноҳия низ мусоидат хоҳад кард.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»