«Аксияи тозагии соҳил» гузаронида шуд

№57 (3042) 14.05.2013

ТОҶИКОБОД. (Саломиддин КОБУЛИЕВ)  Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Тоҷикобод «Аксияи тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар ҷараёни чорабинии мазкур сокинони маҳаллаҳо, омӯзгорон ва хонандагони мактабҳои ноҳия саҳми босазо гузоштанд. Онҳо ҷӯйбору каналҳо, рӯдҳо ва соҳили дарёи Сурхобро аз партовҳо тоза намуданд.

Ба хотири беҳдошти муҳити атроф ва солимии мардум, тоза нигоҳ доштани маркази ноҳия ва деҳаҳо дар ҷараёни «Аксияи тозагии соҳил» канали калоне, ки аз байни деҳаҳои ноҳия мегузарад, низ тоза карда шуд. Мақсад аз ин чорабинӣ, пеш аз ҳама, тоза нигоҳ доштани об, ки сарчашмаи ҳаёт аст, мебошад.