Ҳам соҳиби касб ва ҳам ҷойи кор шуданд

№87 (3072) 12.07.2013

ФАЙЗОБОД. ( Маҷид ҲОМИДОВ)   Шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Файзобод аз шумораи 394 нафар ҷавонони бекор 90 нафари онҳоро бо ҷойҳои кори гуногун таъмин кард. Мувофиқи нақшаи кории шуъба онҳо курсҳои кӯтоҳмуддати касбиро хатм намуданд.

Инчунин бо роҳи шаҳодатномадиҳии малакаи шахсӣ ва худмаблағгузорӣ зиёда аз 300 нафар бекорон соҳиби касби гуногун шуданд. Бояд тазаккур дод, ки кормандони идораи номбурда аз рӯйи барномаи омӯзиши шахсони бекор зиёда аз 30 намуди омӯзиши касбҳоро пешниҳод карданд.