Амали хайр

№40 (4780) 01.04.2024

Сокини деҳаи Пишанзаи деҳоти Анзоб Хуҷмурод Шарифов бо маблағи барои сафари ҳаҷ ҷамъовардааш дар мавзеи Дуобаи наздикии деҳаҳои Ремон ва Пишанзаи деҳоти Анзоб пули дарозиаш 6 ва бараш 3,5 метрро сохта ба истифода дода, инчунин, дар мавзеи Дуобаи наздикии деҳаҳои Ремон ва Пишанзаи деҳоти Анзоб 7 километр роҳи мошингарди Симичро то деҳаи Пишанза тахту ҳамвор намуд.

20-уми марти соли 2024 ба истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода маросими ифтитоҳи пули сохташуда баргузор гардид.

Раиси ноҳия ба Х. Шарифов миннатдории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айниро  расонида, иброз дошт, ки кирдори неки чунин ҷавонмардон боиси ифтихору сарбаландист.

- Наврӯз ҷашни хислату амалҳои нек буда, муқаддима ва муҳтавои асосии онро пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори неки инсонҳо ташкил медиҳад.Агар чунин хислату рафторро ҳар яки мо сармашқи кори худ карда, барои ободонии диёрамон саҳмгузор бошем, дар муддати кӯтоҳ мардуми мо сазовори зиндагии шоиста хоҳад гардид, — афзуд раиси ноҳия.

Номбурда ҳоло тасмим дорад барои насли навраси деҳаи Пишанза майдончаи варзиш сохта ҳадя намояд. Ҷойи сохтмони майдончаи варзиш муайян гардида, бунёди он рӯзҳои наздик оғоз мешавад.

Комрони АСЛОН,

«Садои мардум»