Ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид

№11 (3157) 31.01.2014

28 январи соли 2014  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҳисор бо ҷараёни корҳои омодагӣ ва сохтмони иншооти муҳими ҷашнӣ ба истиқболи ҷашни 3000- солагии Ҳисор шинос шуд.

 Сарвазир аснои шиносоӣ бо корҳои сохтмони роҳи марказии ноҳия ва роҳҳои маҳаллӣ барои бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо ба роҳбарияти Вазорати нақлиёт, ноҳия ва ташкилоту идораҳои роҳсоз дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Қоҳир Расулзода баъди шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия барои 20 ҳазор ҷойи нишаст, мактаби президентӣ барои 640 нафар хонанда, чойхонаи миллӣ, кохи фарҳанг, китобхона ва осорхона, ҷараёни пешбурди корҳои сохтмонӣ дар аксари ин иншоот, аз ҷумла бунёди варзишгоҳи марказиро, ки бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегарданд, ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард. Дар ин замина масъулини ташкилоту идораҳои сохтмонӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати сари вақт аз худ намудани маблағҳое, ки барои сохтмони иншоот ҷудо гардидаанд, тадбирҳои дахлдор андешанд. Лоиҳа ва тарҳи сохтмони кохи фарҳанг ва бинои осорхонаю  китобхона, ки бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегарданд,  қобили қабул дониста,  барои истифодаи мақсадноки маблағҳои барои сохтмони иншооти мазкур пешбинишуда ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо масъулин ва роҳбарони ташкилоту идораҳои сохтмонӣ вазифадор  шуданд.

Дар доираи таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор, ки дар моҳи сентябри соли 2015 ба нақша гирифта шудааст, дар баробари сохтмони як силсила иншооти муҳими хоҷагии халқ ҳамзамон тармиму таҷдиди ёдгории таърихии Қалъаи Ҳисор низ дар назар дошта шудааст.

Сарвазири мамлакат дар ин мавзеи таърихӣ бо корҳои тармиму таҷдидсозӣ ошноӣ пайдо кард. Сипас аз мавзеи сохтмони корхонаи хиштбарорӣ ва маркази бузурги савдои масолеҳи сохтмонӣ дидан кард. Дар иншооти мазкур корҳои сохтмонию таҷдидсозӣ бомаром  идома доштанд ва мувофиқи нақша то таҷлили ҷашни дарпешистода мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Дар идомаи сафари худ ба ноҳияи Ҳисор Қоҳир  Расулзода дар расми ифтитоҳи як маркази фарҳангӣ ва ташаккул барои кӯдакон иштирок кард.

АМИТ «Ховар»