Ба мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик таваҷҷуҳи доимӣ мебояд

№105 (3090) 22.08.2013

Дар ноҳияи Рӯдакӣ аз соли 2001 инҷониб Ташкилоти ҷамъиятии «Олами кӯдакон» амал мекунад. Чорабиниҳои ин ташкилот на танҳо ба кӯдакону наврасон, балки ба ҳаёти ҷавонон низ дахлпазир аст. Дар робита хабарнигорамон бо раиси ташкилоти мазкур Рухшона Шобудинова суҳбатеро анҷом дод.

 

- Бино ба иттилои дастрас, ташкилоти шумо чанде пеш аз рӯйи лоиҳаи махсус дар самти муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон фаъолият дошт. Мақсади ин лоиҳа аз чӣ иборат буд ва кадом корҳоро дар доираи он шумо анҷом додед?

- Нахуст мехостам як маълумотеро пешкаш намоям, ки суҳбати моро пурра мекунад. Ноҳияи Рӯдакӣ яке аз ноҳияҳои калонтарини кишвар ба ҳисоб рафта, дар он 13 ҷамоат ва се шаҳрак ҷойгир аст. Аҳолии ноҳия 420 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, дар соли 2012  теъдоди муҳоҷирони меҳнатии аз ноҳия ба хориҷа рафта  16361 нафар, аз онҳо 1126 нафарашон занҳо буданд. Ташкилоти мо барои дастгирӣ ва кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатӣ лоиҳаи барномаро таҳти унвони «Муҳоҷири бомалака» таҳия кард ва он аз ҷониби Институти «Ҷамъияти Кушода»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфт. Татбиқи лоиҳа аз 20 ноябри соли 2012 оғоз гардида, то 5 июни соли ҷорӣ  идома дошт.

Мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва  уҳдадориҳои ҷавонони муҳоҷир, тарзи дуруст пур кардани ҳуҷҷатҳо ҳангоми сафар, интихоби дурусти ҷойи кор ва корфармо, рафтори дуруст ва риояи этикию эстетикӣ ҳангоми сафар дар ҳавопаймо ба кишвари бегона, наҳаросидан ҳангоми тафтиши полисҳо ва шахсони маъмурӣ, донистани одоби муошират ва забони русӣ, бо роҳҳои камхарҷ гирифтани шиноснома дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он, дар ҳолатҳои зарурӣ муроҷиат кардан ба сафоратхона ва мақомоти дахлдор, роҳҳои дуруст ва бехатари интиқоли маблағҳо, ҷалби ҷавонон ба таҳсил дар курсҳои кӯтоҳмуддати касбҳои гуногун ва гирифтани шаҳодатномаи ихтисос, фаҳмонидан ва паҳн кардани        дастуру маслиҳатҳо  оид ба тарзи ҳаёти солим, пешгирии касалиҳои сироятӣ дар байни ҷавонони муҳоҷир иборат буд. Дар доираи ҷараёни татбиқи лоиҳа даҳ семинар бо раисони маҳаллаҳо ва ҷавонони муҳоҷир гузаронидем. Аз ҷумла ҷамъомадҳои мо дар шаҳраки Сомониён, Клуби ихтиёриёни писарон ва духтарони «Хайрхоҳ», ҷамоатҳои деҳоти Чоргултеппа, Лоҳур ва Зайнабобод ҷолибу пурмазмун гузашт. Ҳамзамон дар ду мизи мудаввари оростаи мо намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои марбутаи ноҳия ширкат варзиданд. Дар ин мулоқоту суҳбатҳо, аз ҷумла мавзуъҳои «Ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва одобу рафтор дар муҳоҷирати меҳнатӣ», «Таъсири муҳоҷират ба ҳифзи саломатии шаҳрвандон», «Муҳоҷирати меҳнатӣ ва раванди ҷаҳонишавии имрӯз» баррасӣ шуданд.

Илова бар ин, 28 марти соли 2013 ташкилот якҷоя бо Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ ярмаркаҳои ҷойҳои кории  холӣ доир намуд.

Дар назди ташкилот гӯшаи машварати иттилоотӣ барои муҳоҷирони ҷавон ташкил карда шудааст. Мутахассисони мо барои фаҳмондадиҳӣ ва дастрас намудани маводи иттилоотӣ, буклетҳо ва дигар варақаҳои ахборотӣ оид ба мавзуъҳои ҷанбаҳои ҳуқуқӣ дошта омода карда, дар маркази ноҳия ва деҳоти дурдаст паҳн карданд. Дар ҷараёни амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур панҷ барномаи радиоӣ омода ва пахш гардид. Дар ин давра 85 нафар муҳоҷирон ба ташкилот муроҷиат карданд, ки бо онҳо суҳбат гузаронида, маслиҳатҳо ва  маводҳои иттилоотӣ дода шуд.

«Ҳоло раванди муҳоҷирати меҳнатӣ тадриҷан доираи бештари ҷавонони кишварро фаро мегирад. Имрӯз аз шумораи умумии шаҳрвандони мо, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, беш аз 50 фоизро ҷавонон ташкил медиҳанд»

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

дар мулоқот бо ҷавонони кишвар 23 майи соли 2013

- Чорабиниҳо натиҷа доданд. Метавонед бо мисоли мушаххас шарҳ диҳед?

- Бале, мушоҳидаҳои мо ва натиҷаи назарпурсиҳоямон гувоҳӣ медиҳанд, ки чорабиниҳои мо ба раванди муҳоҷират таъсири мусбат расонд. Чунончӣ, ҳамватани мо Давлатов Ятим иброз медорад: «Ман зиёда аз бист сол аст, ки ҳамчун муҳоҷир дар кишвари Россия фаъолият дорам, ҳуқуқи шаҳрвандиро ҳам гирифтам. Аз рӯйи мушоҳидаҳоям гуфта метавонам, ки аксарияти ҷавонон ва дигар шахсоне, ки ба муҳоҷират мераванд, бояд зикр кард, ки бе ягон ихтисос, бетайёрӣ, бе мақсади муайян, таваккалӣ сафар менамоянд ва дар он ҷо ба мушкилоти зиёд дучор мегарданд. Хуб мешуд, ки ҳар як нафар пеш аз сафар ба муҳоҷират аз курсҳои махсусе, ки ташкил карда шудааст гузашта, соҳиби ихтисос ва шаҳодатнома мегардиданд.» Ва ё сокини деҳоти Гулистон, деҳаи Тезгари боло Зафари Муродалӣ иброз медорад: « Ман ҳамагӣ бист сол дорам. Се сол боз ҳамроҳи се бародарам ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравам. Иштирок дар ин мизи мудаввар барои ман як ҷаҳони навро кушод. Ман бисёр  чизҳоро фаҳмида, китобчаҳои зарурӣ ва диски «Пеш аз сафар»-ро дастрас кардам. Ман дафъаи дигар ба хориҷа равам, ба рафиқонам ҳамаи инро мефаҳмонам. Тавассути дастгирии Маркази иттиллоотӣ — машваратии ташкилоти «Олами кӯдакон» ман соҳиби шаҳодатномаи «Механикӣ автомобил» гардидам.» Чунин мисолҳо хеле зиёданд ва мо хушҳолем, ки тавонистем каме ҳам бошад, ба ҳамватанони муҳоҷирамон кӯмак намоем.

- Дар ин миён аз мушкилоти ҷавонони муҳоҷир низ огоҳ гардидед, ҳамин тавр не?

- Оре, дар натиҷаи фаъолият аз рӯйи лоиҳа ва суҳбати наздик бо ҳамватанон, ки барои пешбурди зиндагӣ ба хориҷа сафар мекунанд, муайян гардид, ки бо вуҷуди истифода аз неруи бузурги меҳнатии муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Россия ва саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодиёти дигар кишвар ва ватани хеш меҳнати онҳо на ҳама вақт қадр карда мешавад, ҳуқуқҳояшон поймол гардида, нисбати онҳо фишовариҳои зиёд карда мешавад. Чунончӣ, Андрей Воробёв, губернатори вилояти Москва, мегӯяд, кишвараш бидуни неруи муҳоҷирони кории хориҷӣ аз рушд ва пешрафт боз хоҳад монд. Ӯ дар робита ба дархости бархе аз аҳзоб ва гурӯҳҳои миллатгарои рус гуфтааст: «Мо ҳамасола бар асоси ниёзҳои худ ба беш аз 102 ҳазор неруи кории хориҷӣ дар вилояти Москва  иҷоза медиҳем. Аз ин рӯ, ҷонибдори беҳтар шудани шароити зисту ҷойҳои кории ин афрод мебошем ва умедворем, ки корфармоёни рус амнияти иҷтимоии онҳоро таъмин хоҳанд кард.» Ба қавли Андрей Воробёв, ҳоло 30 дарсади неруи кории вилояти Москваро дар бахшҳои гуногун, бахусус саноат ва сохтмон, шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон А. Воробёв изҳор медорад, ки мутаассифона, бархе аз мақомдорони рус борҳо барои маҳдуд кардани ҳузури муҳоҷирон, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Россия овоз баланд карданд».

- Дар ин раванд боз кадом паҳлуҳои ҳаёти муҳоҷиронро мавриди омӯзиш қарор медиҳед ва дар роҳи ҳалли онҳо саъй менамоед?

- Ташкилоти ҷамъиятии «Олами кӯдакон» дар рафти фаъолияти лоиҳа муайян намуд, ки бисёре аз ҷавонони муҳоҷир ҳуқуқу уҳдадориҳои хешро намедонанд, аз тарзи одоби муошират, рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кор бархӯрдор нестанд. Дар натиҷа, баъзан ба аъмоли ношоиста даст зада, ба ҳар гуна бемориҳо гирифтор мешаванд ва ё таҳқир мебинанд. Зимни кори минбаъда мо дар ин самт фаъолияти худро пеш мебарем. Аз ҷумла ният дорем бо дастгирии сарпарастон, ташкилотҳои хориҷӣ ва мақомоти давлатӣ курсҳои омӯзиши забони русӣ ва касбу ҳунарҳои гуногун ташкил намоем, барои омода кардани ҳуҷҷатҳо ба ҷавонони муҳоҷир кӯмак расонем, оид ба тарзи ҳаёти солим, ҳуқуқу уҳдарориҳо, паҳлуҳои гуногуни ҳаёти муҳоҷирон суҳбатҳо гузаронем. Муҳоҷирони меҳнатии мо, яъне ҳамватанони азизе, ки барои пешбурди зиндагӣ дар кишварҳои хориҷӣ заҳмат мекашанд, ба ғамхорию дастгирии ҳамарӯза ниёз доранд. Онҳо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи масъулони сохторҳои марбутаи кишвар бояд қарор дошта бошанд.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»