Иқдоми наҷиб

№97-99 (3082-3084) 01.08.2013

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иқдоми наҷиберо пеш гирифта, бо ҷалби саховатмандони ноҳия дар моҳи шарифи Рамазон ба оилаҳои муҳтоҷу ниёзманд дасти кӯмак дароз менамояд.

Дар арафаи иди саиди Фитр  бо пуштибонӣ аз ин иқдоми хайрхоҳона, роҳбарияти ноҳия, раисони шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сархатибони масҷидҳои ҷомеъву панҷвақта ва соҳибкорон ба 420 оилаи маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони башардӯст, иштирокчиёни садамаи Чернобил, ятимону бепарасторон, модарони танҳо ва пирони барҷомондаи ноҳия кӯмаки молиявӣ  расониданд, ки маблағи умумии он 84 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар сурат: раиси ноҳия Саидумрон Абдураҳмонов  ҳангоми аёдати собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ А. Абдуалимов.

Матн ва сурати М. РИЗВОНОВ