Киштукор вусъат меёбад

№29-30 (3014-3015) 11.03.2013

ФАЙЗОБОД.  (Маҷид Ҳомидов) Бо фарорасии рӯзҳои мусоид дар ноҳияи Файзобод киштукори баҳорӣ вусъат ёфт. Аввалин шуда механизаторони хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти «Бӯстон» ва «Меҳробод» ба кишти ғалла сар карда, давоми се рӯз 100 гектар ҷаву гандуми баҳорӣ коштанд. Дар ноҳия тибқи нақша ин баҳор дар майдони 2488 гектар, аз ҷумла дар майдони 550 гектар картошка, 22 гектар ҷуворимакка, 218 гектар сабзавот ва 160 гектар нахӯд кошта мешавад.