Маҳсулоти тару тоза аз гармхонаҳо

№47 (3032) 16.04.2013

РАШТ. (Мирзосафар РИЗВОНОВ) Солҳои пеш ташкили гармхонаҳо барои рӯёнидани сабзавоти барвақтӣ дар ноҳияи Рашт чандон маъмул набуд. Соли гузашта бо ташаббуси сокини деҳаи «Нимич», деҳқони соҳибтаҷриба Амирҷон Маҳмадҷонов гармхонае ташкил шуд, ки ошхонаҳои ноҳияи Рашт ва ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷиргатолро зимистону тобистон бо сабзавоти тару тоза таъмин намуд.

Дар мавсими имсола низ Амирҷон Маҳмадҷонов ҳосили фаровони помидору бодиринг ва пиёзу кашниз парвариш кардааст. Ҳоло аз се гармхонаи ташкилкардааш маҳсулоти бадастовардааш беш аз ду тоннаро ташкил медиҳад. Мизоҷон аз ин ҷо бо нархи нисбатан арзон помидору бодиринг дастрас менамоянд.

-Алҳол дар хоҷагиҳои ноҳия адади чунин гармхонаҳо ба 20 расидааст,- иброз дошт сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Рашт Абдураззоқ Саломов.