Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардид

№77-78 (3062-3063) 25.06.2013

Дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Олами кӯдакон» таҳти унвони «Муҳоҷири бомалака»  суҳбати мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои марбути ноҳия ва як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ  иштирок доштанд.

Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Олами кӯдакон»-и ноҳия, роҳбари лоиҳаи барномаи «Муҳоҷири бомалака» Рухшона Шобудинова  ва ҳамоҳангсози барномаи мазкур оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳа, раиси Ассотсиатсияи созмонҳои ғайриҳукуматӣ Шамсиддин Каримов роҷеъ ба одобу рафтори ҳамватанони ҷавони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар ширкаткунандагон дар атрофи масъалаи мавриди баррасӣ ибрози назар ва мубодилаи афкор карданд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»