Мулоқоти судманд

№100 (3085) 05.08.2013

Чанде пеш вохӯрии раиси шаҳри Роғун Шариф Шарипов бо аҳолии шаҳр дар партави мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони аҳли ҷамоатчигии мамлакат дар мавзуи «Муносибати давлат бо дин», ки 4 июл баргузор гардида буд, доир шуд. Дар вохӯрӣ  масъалаҳои вобаста ба муносибати давлат ба дин, таҳсили ҷавондухтарон дар мактабҳои олӣ, пешгирӣ намудани хонавайроншавиҳо байни ҷавонон ва аз байн бурдани ҳар гуна тамоюлҳои номатлуб ба дину мазҳаб, ки оромию субот ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллию динии моро халалдор мекунанд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Инчунин аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва шӯрои занони маҳаллаҳои шаҳр бо ҷавондухтарони шаҳри Роғун дар мавзуи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар байни занон ва ҷавондухтарон» ва дигар масъалаҳои муҳими вобаста ба ҳаёти онҳо вохӯрӣ баргузор карда шуд. Иштирокдорон бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумат дар мавзуъҳои мавриди баррасӣ  андешаҳояшонро баён доштанд.

 Осиямоҳ ДАВЛАТОВА,

мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун