Роғун - шаҳри нурофарин

Нишондиҳандаҳои соҳаҳои сохтмон ва бонкдорӣ назаррасанд

№101 (3086) 08.08.2013

А (25542) Шариф ФайзибоевичДар шаҳри Роғун бо иштироки раиси шаҳр Шариф Шарипов, муовинон, сардорони шуъбаҳо ва роҳбарони сохторҳои гуногуни шаҳр нишасти матбуотӣ доир гардид.

Зимни шарҳи муфассали натиҷаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар шашмоҳаи якуми соли 2013  раиси шаҳр иттилоъ дод, ки тӯли ин давра дар соҳаҳои сохтмон ва бонкдорӣ нишондиҳандаҳо нисбатан хубтаранд. Чунончӣ, аз тарафи бахшҳои бонкҳои дар шаҳри Роғун буда давоми шаш моҳ дар маҷмуъ ба миқдори 28 715,8 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои пулӣ ба иҷро расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8 991,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи  ҳисоботӣ аз тарафи бонкҳо ҷиҳати дастгирии соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ба муштариён 3776,7 ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шуданд.

Дар шаҳри Роғун ободонию  созандагӣ мунтазам равнақ меёбад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонию барқароркунӣ ва таъмирӣ 2074,4 ҳазор сомонӣ маблағ  пешбинӣ шуда буд, ки аз ин 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ   барои сохтмони асосию барқарорнамойӣ ва боқимонда барои корҳои таъмирии ташкилоту  муассисаҳои  буҷетӣ  равона  гардидааст.

Дар шаҳри Роғун ба рушди маориф таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Дар робита Ш. Шарипов иброз  дошт, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат дар соҳаи маориф дар шаҳр 49 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад. Ҳамчунин ду боғчаи бачагона, як Хонаи кӯдакон, як Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон, гурӯҳи мақсадноки омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат дар шаҳри Роғун, як Мактаби бачагонаи мусиқӣ ва як Коллеҷи муҳандисию техникӣ  фаъолият менамоянд.

Дар ҳамкорӣ бо Бонки умумиҷаҳонии озуқа дар як қатор мактабҳо ҷиҳати бунёд намудани боғ 2710 бех ниҳолҳои мевадиҳандаи себ, нок ва зардолу шинонида шуд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани таътили тобистонаи мактаббачагон дар назди мактабҳои № 1,3,5,28 осоишгоҳҳои фароғатию солимгардонӣ ташкил карда, дар онҳо 175 нафар хонандагон фаро гирифта шуданд. Инчунин 127 нафар хонандагон ба истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ фиристонида шуданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки бо мақсади аз вагонхонаҳо баровардани муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №9-и деҳаи Майдони Нав имсол ба мактаби нави замонавӣ ва дорои шароити муосири таълимӣ кӯчонида шуд. Мактаби мазкур дорои шаш синфхона буда, барои 150 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.

Тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути озмун  ба даҳ донишгоҳу донишкадаҳо 21 нафар (11 нафар духтарон) дохил гардиданд. Коллеҷи муҳандисию техникӣ аз рӯйи ихтисосҳои «Неругоҳҳои барқӣ», «Мошинҳои кӯҳӣ ва таҷҳизот», «Сохтмон», «Технологияи корҳои кафшергарӣ» ва «Барқчӣ» мутахассисонро омода менамояд.  Имсол 57 нафар хатмкунандагони муассисаи таълимӣ тибқи роҳхати маъмурияти коллеҷ ва тавсияи ҶСК  НБО «Роғун» барои кор ба ташкилоту корхонаҳои зертобеи он фиристонида шуданд.

Ба саволи мо роҷеъ ба таъмини аҳолӣ бо манзили истиқоматӣ раиси шаҳр посух дода, аз ҷумла гуфт, ки алҳол нисбати ин масъала 1500 ариза ворид шудааст. Вобаста ба ин мо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷудо кардани фонди манзил дархост пешниҳод кардем, ки мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар шаҳри Роғун ва деҳоти мансуби он, дар бахши кишоварзӣ, чорводорӣ ва боғпарварӣ, соҳаҳои маориф ва фарҳанг фаъолият хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ин бора низ раиси шаҳр Ш. Шарипов муфассал маълумот дода, сипас ба саволҳои рӯзноманигорон посух гуфт.

Шариф Шарипов дар ҳузури аҳли нишасти матбуотӣ ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» барои ҳамкории доимӣ изҳори миннатдорӣ кард.