Аз ҳаёти ҷамоатҳо

Сатҳи зиндагии мардум боло меравад

№153 (3138) 05.12.2013

Мақсади ягонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон мебошад ва саъю кӯшиши мардум низ ба ҳамин ҳадаф равона шудааст. Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ      Раҳмон аз ин хусус аз ҷумла чунин иброз намуданд:

«Бояд зикр намуд, ки мақсади ниҳоии мо таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат мебошад ва итминони комил дорам, ки мо ба ҳадафи худ тадриҷан муяссар мегардем».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2013 ба ноҳияи Рашт ташриф оварда, якчанд биноҳои нави маъмуриро мавриди истифода қарор дода, бо мардуми деҳот вохӯрии самимӣ доштанд. Ҳама Президенти кишварро аз самими қалб пешвоз гирифта, бо як овоз такрор ба такрор мегуфтанд: «Муҳтарам     Эмомалӣ Раҳмон, доимо  Роҳбари Тоҷикистони азиз бошед».

- Дастуру супоришҳои Сарвари давлатро дар қатори дигар меҳнаткашони ноҳия ба роҳбарӣ гирифта, сокинони деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт мехоҳанд намунаи ибрат бошанд, масъулиятро ба зимма гиранд, -мегӯяд раиси ҷамоати деҳоти мазкур Ҳакимҷон Саидов.

– Кӯшишу ғайрат дорем, ки бо истифода аз  тартиби нави корбарӣ, такмили коргузорӣ, даъвати ҷавонон, занону духтарон ва фаъолони ҷамоату сокинони маҳаллаҳо ба корҳои ҷамъиятӣ,  ободонии деҳаҳо, иқдомҳои муассирро амалӣ гардонида, фаъолияти худро тақвият бахшем.

Имрӯзҳо тамоми сокинони деҳаҳои мо, масъулони ҷамоат баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум чораҳои мушаххасро андешида, дар ин амр саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳакимҷон Саидов дар деҳаи Нимичи ноҳияи Рашт чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23 ба факултети механика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро бомуваффақият хатм кардааст. Пас аз хатми  донишгоҳ дар мактаби таҳсилнамудааш ба ҳайси  омӯзгори математика ба кор оғоз кард. Баъдан ӯ муовини директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 ва аз 25 августи соли 2009 то 29 сентябри соли 2012 директори ҳамин мактаб буд. Тӯли солҳои кории хеш дар рушди таълиму тарбия саҳми арзанда гузошт. Бисёр шогирдонаш ба мактабҳои олӣ дохил шуданд. Дар байни омӯзгорони ноҳия номи ӯ ҳамчун машъали соҳаи маориф сабт гардида, намунаи ибрати  омӯзгорони ноҳия шуд.

Роҳбарияти ноҳияи Рашт кордонию ташаббускории Ҳакимҷон Саидовро ба инобат гирифта, ӯро моҳи сентябри соли 2012 раиси Ҷамоати деҳоти Ҷафр таъин намуд. Аз давраи раис таъин шудани ӯ корҳои ободонӣ, рушди ҷамоат дар ҳамаи соҳа ба чашм расид. Мардум ташаббус нишон дода, диёри хешро ободу зебо намуданд ва дар тамоми маҳаллаҳои он такони  ҷиддӣ ба амал омад. Дар натиҷаи корбарию даъват ба ободонии маҳаллаҳо сатҳи зиндагии мардум хеле боло рафта, ба зироаткорию боғдорӣ, чорводорию ғаллакорӣ ва ғайра машғул гардиданд. Мактабҳои деҳот таъмир ва аз нав сохта, ба истифода дода шуданд. Мардум аз роҳбарии оқилонаи ӯ қаноатманд гардиданд. Шумораи умумии аҳолии деҳоти Ҷафр зиёда аз 6800 нафар мебошад. Дар панҷ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди деҳот омӯзгорони пуртаҷриба ба хонандагон таълиму тарбия медиҳанд. Раиси ҷамоат дар кори таълиму тарбияи мактаббачагон  ба омӯзгорон муназзам кӯмак мерасонад. Соли гузашта дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Нимичак  бо ташаббуси Ҳакимҷон Саидов ду синфхонаи иловагӣ сохтанд.

Ҳамаи вакилони ҷамоат дар паҳлуи Ҳакимҷон Саидов фаъолият менамоянд. Онҳо ҷидду ҷаҳд доранд, ки иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таъмин карда, сарфу харҷи  беҳударо аз байн баранд ва  дар таълиму тарбияи ҳамарӯзаи насли наврас ҳиссагузор бошанд.

Раиси шӯрои занони Ҷамоати деҳоти Ҷафр Савринисо Саидова бо кӯмаку мусоидати раиси ҷамоат Ҳакимчон Саидов занонро даъват менамояд, ки оид ба ободонии маҳалли худ саҳмгузор бошанд, дар шукуфойии Ватани азиз нақши босазо гузоранд. Ҳамчунин ӯ даъват менамояд, ки духтарон ба омӯзишгоҳҳои миёнаи махсус  ва макотиби олӣ рафта хонанд ва баргашта, дар маҳалли зиндагонии худ ба халқу Ватани азиз хизмат кунанд.

Бо ибтикори раиси ҷамоати деҳот Ҳакимҷон Саидов дар мавзеи соҳили дарёи Сурхоб барои мардуми деҳаи Нимич, ки зиёда аз 390 хоҷагӣ дорад ва бо мақсади обёрӣ намудани 25 гектар замин, бо истифодаи дастгоҳи пармакунии УКС-130 аз қаъри замин  мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Экспедитсияи гидрогеологии ҷануби  Тоҷикистон» об бароварданд. Ин кори неки кормандони соҳаи геология мушкилоти мардумро осон мегардонад ва аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин мегарданд.

- Дар комёбиҳои ба дастовардаи деҳоти Ҷафр, пеш аз ҳама,  саҳми  узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Сайумрон Абдураҳмонов хеле калон мебошад.  Раиси ноҳия сахтгиру мададрасон буда, дар пешрафти ободонии деҳоти мо ҳамеша мусоидат менамояд. Ҳамаи супоришҳои ӯ сари вақт ва босифат амалӣ мешаванд, — мегӯяд Ҳакимҷон Саидов.

Сокинони қавииродаи деҳоти  Ҷафр бо роҳбарии раиси он Ҳакимҷон Саидов аҳлона кору меҳнат карда, қувваю ғайрати худро баҳри амалӣ сохтани нақшаҳои дар наздашон буда равона кардаанд. Ин мардуми баору номус, албатта, ба ниятҳои некашон мерасанд.

Ҳоким Каримов,  узви Конфедератсияи байналмилалии журналистон