Аз фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Шаҳре дар макони нурофарон

№8 (3154) 21.01.2014

Шариф шариповНеругоҳи бунёдшавандаи барқи обии «Роғун» ин маконро маълуму машҳур гардонидааст. Дар паҳлуи ин иншооти азими кишвар шаҳре ҳамноми он мавҷуд аст, ки ҳамвора рушду нумуъ меёбад. Чанде пеш, зимни ширкат дар нишасти матбуотӣ, хабарнигорони рӯзнома бо раиси шаҳри Роғун Шариф Шарипов оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2013 ва нақшаҳои имсола суҳбатеро анҷом доданд.

- Муҳтарам раис, шаҳри Роғун ва деҳоти мансуби он дар минтақаи хосе ҷойгир аст. Хоҳишмандем, бигӯед, ки рушду тараққии он чӣ гуна ҷараён дорад?

-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармону супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» фаъолияти худро ба роҳ монда, бо мақсади рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёту фарҳанг саъю кӯшиши  зиёд менамояд. Зимни ҷамъбасти соли 2013 маълум шуд, ки қисми даромади буҷети маҳаллӣ нисбати як соли пешин ба маблағи  575,4 ҳазор сомонӣ зиёд  аст. Яке аз роҳҳои асосии ғанигардонии буҷет ин, албатта, ҷамъоварии андоз ва мавриди андозбандӣ қарор додани субъектҳои хоҷагидор ба шумор меравад. Ҳамчунин раванди бонизоми иқтисодиёт аз фаъолияти бонизоми бонкӣ низ вобаста аст.

Зимни ҷамъбасти фаъолияти солона Нозироти андози шаҳри Роғун вазифадор шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намояд. Имсол таҷҳизонидани идораи мазкур бо техникаи муосир ва сохта ба истифода додани бинои маъмурии он дар назар аст.

Аз тарафи бахшҳои бонкҳои дар шаҳри Роғунбуда соли 2013 дар маҷмӯъ ба миқдори 63 633,4 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои пулӣ анҷом дода шудааст. Ин нишондод ба шуъбаи Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» 44 557,1 ҳазор сомонӣ, филиалҳои ҶСК «Ориёнбонк» 16 082,4 ҳазор сомонӣ,  ҶСК «Агроинвестбонк» 2 325,8  ҳазор сомонӣ ва бахши Бонки рушди Тоҷикистон 641,1 ҳазор сомонӣ рост меояд. Дар давраи ҳисоботӣ  тавассути бонкҳои зикршуда ба маблағи 131 894,0 ҳазор сомонӣ  аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба шаҳри Роғун интиқол  гардидааст. Дар ин давра аз тарафи бонкҳои зикршуда бо мақсади дастгирии соҳаҳои гуногуни иқтисод ба муштариён  4 516,8 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст, ки дар маҷмӯъ нисбати як соли пешин 1161,6  ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бонкҳоро зарур аст, ки ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурду миёна барномаи мушаххасе қабул намуда, мувофиқи он амал намоянд.

-Барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чӣ гуна тадбирҳо андешида мешавад?

-Бо истифода аз захираҳои мавҷуда мо кӯшиш кардем, ки таъсири омилҳои зикргардида ба ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ камтар бошад. Дар ин замина бояд зикр намоям, ки музди миёнаи моҳонаи  кормандон дар соли 2013 нисбат ба соли пешин 51,9 сомонӣ зиёд шудааст. Шумораи миёнаи  кормандон дар шаҳри Роғун 5310 нафарро ташкил намуда, музди меҳнат дар давраи ҳисоботӣ  пурра пардохт шуд.

Бахшида  ба 68-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 14 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва се нафар собиқадорони меҳнат ба маблағи 15700 сомонӣ кӯмак расонида шуд. Барои зимистонгузаронӣ  ва харидории ангиштсангу ҳезум ба миқдори 6000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Инчунин бахшида ба соли нави мелодӣ аз тарафи  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба 177 нафар маъюбон туҳфаҳои солинавӣ ва ба ҳашт нафар ятимони кул сарулибоси зимистона тақдим шуд. Давоми сол аз тарафи  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ташкилоту муассисаҳои шаҳр, ҷамоатҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба хонаи бачаҳои шаҳр, пиронсолону маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрон, оилаҳои камбизоат ва ду нафар зиёд маъюбдошта ба миқдори 187,2 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расониданд. Нафақапулии 2210 нафар нафақахӯр пурра пардохт шуд. Дар масъалаи бо кортҳои пластикӣ таъмин кардани нафақагирон ҳоло баъзе камбудиҳо мавҷуданд ва дар ин робита ба масъулон супориш дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин муддат ҳалли ин масъаларо таъмин намоянд.

-Ҳангоми ба шаҳри Роғун ворид шудан мушоҳида кардем, ки ободонию  созандагӣ дар ин ҷо равнақ ёфтааст.

-Бале, шумо дуруст мушоҳида кардед. Дар ин самт бо истифода аз маблағҳои маҳаллӣ ва сармоягузории хориҷӣ дар маркази шаҳр ва деҳоти мансуби он як қатор иншоотҳо бунёд ёфтанд ва сохтмони баъзеи онҳо идома дорад.Чунончӣ, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ сохтмони мактаб барои 372 нафар талаба дар деҳаи Ҷавонӣ (бо маблағи 464,4 ҳазор сомонӣ),  меҳмонхонаи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун (бо маблағи 400 ҳазор сомонӣ),   китобхона, осорхона ва идораи бойгонӣ (бо маблағи 300 ҳазор сомонӣ) ва сохтмони панҷ синфхонаи мактаб дар деҳаи Абдулбобиён (ба маблағи 399,1 ҳазор сомонӣ) анҷом дода шуд. Аз ҳисоби маблағҳои сармоягузории хориҷӣ кӯпрук  дар деҳаи Қади Об, хатти оби нӯшокӣ дар деҳаҳои Шайдон, Фаррух, Ковокдара, Ҷавонӣ, Майдони Нав, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Майдони Нав ва аз  ҳисоби маблағҳои соҳибкорон бинои замонавии масҷиди ҷомеъ дар шаҳраки Оби Гарм, нуқтаҳои хизматрасонӣ, мағоза, нуқтаи сабти овоз, нуқтаи хизматрасонии мобилӣ, мағозаҳои фирмавӣ, ошхона, каҳвахона, сехи дӯзандагӣ,  нуқтаи таъмир ва шустушӯи мошинҳо бунёд ёфтанд. Алҳол дар маркази шаҳри Роғун сохтмони биноҳои маъмурии  бахши ҶСК «Ориёнбонк» ва Суди шаҳрӣ идома дорад. Зикр кардан зарур аст, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетии Мудирияти минтақаҳои зериобшавандаи НБО-и «Роғун» барои сохтмони иншоотҳою шабакаҳои   инфрасохтории   деҳаҳои  Сайидони    боло ва деҳаи Ёли Гармоба 9097,3  ҳазор сомонӣ маблағ ба нақша  гирифта шуда буд, ки дар соли 2013 ба маблағи 8509,1 ҳазор сомонии он корҳои сохтмон ба иҷро расонида шуданд.

-Таъмини аҳолӣ ва корхонаю муассисаҳо бо қувваи барқ дар шаҳри Роғун чӣ гуна аст?

-Баҳри таъмини аҳолӣ ва сохтмони НБО-и «Роғун» бо қувваи барқ Идораи шабакаҳои барқи Роғун кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар ин замина иваз ва васл намудани 32 адад барқгиракҳои РВО-6/10, 58 адад ҷудокунакҳои 0,4 кВ, 11 адад трансформатори корношоям, таъмири ҷории  95 адад зеристгоҳҳои трансформаторҳо ва дигар корҳо ба иҷро расонида, инчунин дар зеристгоҳҳои трансформатории «Роғун» як адад трансформатори нави иқтидораш 40000 кВ насб шуд.

Дар фаъолияти системаи барқӣ, аз ҷумла шуъбаи фурӯши барқи шаҳри Роғун, ҷамъоварии пурраи маблағҳо аз ҳисоби истифодаи қувваи барқ мушкилоти аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

-Зимни нишасти матбуотӣ шумо иброз намудед, ки дар шаҳри Роғун беш аз 50 фоизи даромади аҳолӣ аз соҳаи кишоварзӣ ба даст меояд. Хоҳишмандем вазъи ин соҳаро шарҳ диҳед.

-Соҳаи кишоварзӣ манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хом буда, барои рушду нумӯи ин соҳа дар қаламрави шаҳр 1098 адад хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, се хоҷагии ёрирасон, ду кооперативи истеҳсолӣ ва як хоҷагии давлатии «Ҷангал» фаъолият мекунанд. Масоҳати  умумии заминҳои корам 2376 гектар буда, соли гузашта масоҳати кишти зироатҳои ғалладонагӣ 1836 гектарро ташкил дод, ки нисбати як соли пешин 155 гектар зиёд аст. Ҳамчунин соли гузашта нисбат ба соли 2012-ум 7 гектар зиёд картошка ва 6 гектар сабзавот кишт карда, арзиши умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3360,0  ҳазор сомонӣ зиёд шуд. Нисбати соли 2012 дар соли 2013 истеҳсоли ғалладонагиҳо 616 тонна, картошка 140 тонна, сабзавот 291 тонна,  мева 22 тонна зиёд гардид.

Бо мақсади иҷрои Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар атрофи шаҳр 6260 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи гуногун шинонида, дар майдони 24 гектар «Боғи умумишаҳрӣ» бунёд шуд. Хоҷагиҳои кишоварзӣ 25 гектар боғҳои куҳнаро аз нав барқарор намуданд. Дар маҷмӯъ, соли 2013 дар майдони 118 гектар боғи нав бунёд карда шуд.

Саршумори чорвои калон 1,2 ҳазор  ва моли майда 6,5 ҳазор сар зиёд шуд. Дар раванди татбиқи Барномаи рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2011-2016 дар шаҳри Роғун миқдори оилаҳои занбӯри асал 192 адад зиёд ва ба 2097 расонида шуд.

Дар амал татбиқ нагардидани нақшаи моҳипарварӣ, истеҳсоли босифати маҳсулоти кишоварзӣ ва аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳо аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби соҳа ба ҳисоб меравад ва мо барои ислоҳи вазъ дар ин бобат чораҳо меандешем.

-Муҳтарам раис, вобаста ба бунёди иншооти НБО-и «Роғун» баъзе минтақаҳои ҳудуди шаҳр зери об мемонад. Нисбати оилаҳое, ки ҷойи зисташон ба чунин минтақаҳо шомиланд, чӣ тадбирҳо андешида мешавад?

-Ҷиҳати иҷрои Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи октябри соли  2012 майдони 55 гектар, аз ин 50 гектар барои кӯчонидани оилаҳои минтақаи зериобшавандаи НБО-и «Роғун» ва 5 гектар барои оилаҳои минтақаи хавфноки экологӣ ҷудо гардидааст. Аз  ин миқдор барои 110 оилаҳои дар минтақаи зериобшаванда қарордошта тариқи қуръапартоӣ 20 гектар замин ҷудо шуда, дар марҳилаи ҳуҷҷатгузорӣ қарор дорад.

Мавриди зикр аст, ки ҳашт деҳаи деҳоти «Сичароғ» ҳамчун деҳоти минтақаи зериобмонии НБО-и «Роғун» эътироф шудааст. Шумораи   муҳоҷирон дар  минтақаи зикршуда 438 оиларо   ташкил медиҳанд ва 175 оила ба деҳаи Тойчии шаҳри  Турсунзода кӯчонида  шудаанд. Барои кӯчонидани 263 оилаи дигар дар деҳаи Саидони болои  деҳоти «Сичароғ» барои 109 оила, дар заминҳои «Ёли-Гармоба»-и деҳоти «Қади Об» барои 86 оила, дар заминҳои деҳаи Луғури деҳоти «Сичароғ» барои 44 оила ва барои 24 оилаи дигар дар шаҳри Турсунзода қитъаҳои замин пешбинӣ шудааст.  Корҳои омодагӣ, ба монанди таъмини оби нӯшокӣ ва полезӣ, гузаронидани хати интиқоли барқ, сохтмони роҳҳои дохилихоҷагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва мактаб  дар мавзеъҳои зикршуда марҳила ба марҳила ба иҷро мерасад. Инчунин 121 оилаи муҳоҷирони ихтиёрӣ аз шаҳри Роғун дар мавзеи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ бо қитъаҳои замин таъмин шуданд.

- Вазъи соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар шаҳри Роғун чӣ гуна аст?

-Бо мақсади амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар шаҳри Роғун  49 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад. Ҳамчунин ду боғчаи бачагона,  хонаи кӯдакон, маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон, гурӯҳи мақсадноки Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат дар шаҳри Роғун, мактаби бачагонаи мусиқӣ ва Коллеҷи муҳандисию техникӣ фаъолият менамоянд. Барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 ба муассисаҳои таълимии шаҳр 563 тонна ангишт, 378,5  метри мукааб ҳезум ва 240 литр сӯзишвории моеъ дастрас шуд. Муассисаҳои таълимӣ бо 227 адад печи аловӣ, 249 адад печи барқӣ ва 23 адад генератор таъмин буда, се мактаби шаҳр хати барқи доимӣ доранд.

Дар ҳудуди шаҳри Роғун бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии шаҳрвандон беморхонаи марказии шаҳрӣ, ду  маркази саломатии  шаҳрӣ, ду маркази саломатии  деҳотӣ, 11 бунгоҳи саломатӣ, маркази саломатии сохтмончиён, маркази зидди бемориҳои сил, маркази назорати санитариву эпидемиологӣ, ду шуъбаи ёрии таъҷилӣ, дорухонаи марказӣ, маркази солимии репродуктивӣ, маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази эмтаъминкунӣ, маркази  мубориза алайҳи СПИД, ҳуҷраи боварӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғайра хизмат мерасонад.

Айни замон дар ҳудуди шаҳри Роғун чор осоишгоҳ — ҶДММ «Курорти Оби Гарм», ҶДММ «Оби шифои Омина», ҶДММ «Анқо», ҶДММ « Мулошайх» фаъолият дорад ва аз ҳисоби осоишгоҳҳои мазкур соли гузашта 113,2 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷети маҳаллӣ ворид гардидааст.

-Шариф Файзибоевич, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»  дар шаҳри Роғун чӣ тавр татбиқ мешавад?

-Дар шаҳри Роғун чор комиссияи доимӣ ва 70 комиссияи ҷамъиятӣ оиди танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият менамоянд. Дар шаҳр 33 масҷиди панҷвақта ва се масҷиди ҷомеъ, инчунин як масҷиди ҷомеи марказӣ расман фаъолият менамоянд. Иштироки ноболиғон дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ба назар намерасад. Зикр кардан бамаврид аст, ки бахшида ба 16 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва  22-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, шахсони саховатманд ва ташкилоту муассисаҳои сохтмонии НБО-и «Роғун» дар доираи талаботи қонун тӯйи хатнасури зиёда аз 100 нафар фарзандони оилаҳои камбизоат ва ятимон, инчунин тӯйи хонадоршавии панҷ ҷуфт ҷавонони ятимбавоярасида гузаронида шуда,  ба онҳо ҳамчун туҳфа ҷиҳози рӯзгор тақдим гардид.

- Ҳалли кадом масъалаҳоро Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун тӯли соли 2014 дар мадди аввал мегузорад?

-Пеш аз ҳама таъмини иҷрои саривақтии буҷети маҳаллӣ дар қисматҳои даромад ва хароҷоти он тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» ва роҳ надодан ба хароҷоти ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ. Самаранок ва босифат ҷамъоварӣ намудани ҳамаи намудҳои андозҳоро мо таъмин хоҳем кард.

Таъмини ширкати васеи шаҳрвандон дар фаъолияти бонкҳо барои гирифтани қарзҳо ва гузоштани пасандозҳо, ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва иҷораи амволи давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ бо муҳайё гардонидани ҷойҳои нави кор ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, сохта ба истифода додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна,  ба роҳ мондани истеҳсоли босифати маҳсулоти кишоварзӣ ва зиёд намудани ҳосилнокии онҳо, таъмини аҳолии эҳтиёҷманд бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бо истифода аз фондҳои мавҷуда, ривоҷи бештари фаъолияти кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг, бахшҳои кор бо ҷавонон ва занон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимеанд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иҷрои онҳоро дар мадди аввал мегузорад.

-Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»