Шишаи номус дорад дар бағал

№140-141 (3125-3126) 04.11.2013

чанобШашуми ноябри соли 2013 шаҳрвандони кишвар таври умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муддати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб менамоянд. Маҳз тавассути интихобот ҳар як шаҳрванди кишвар дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб мекунад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона гардидааст, ки иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва раванди идоракунии давлат таъмин гардида, ба ҳар узви ҷомеа барои саҳмгузориашон дар тақдиру сарнавишти ояндаи Ватан имкон фароҳам бошад.

Хеле муҳиму саривақтӣ буд, ки аз ҷониби Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона пешбарӣ гардид. Гуфтан бамаврид аст, ки оғози давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи мураккабу душвори гузариши кишвар аз як сохт ба сохти дигар рост омада буд. Яъне, дар ин айёми басо ҳассос ва тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ташаккули давлатдории нав, шароити сангини ҷанги шаҳрвандӣ, харобиҳои баъд аз ҷанг ва душвориҳои дигарро паси сар мекард. Хушбахтона,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонии худ, дар ҷодаи сиёсат, аз ин ҳодисаву воқеаҳо, аз душвортарин шароиту вазъият бо сарбаландӣ берун омад ва ба ин васила ягонагӣ ва тамомияти давлату миллатро ҳифз кард. Маҳз дар ин марҳилаи тақдирсоз обруву эътибори мавсуф афзуд ва дар ниҳоди  сокинони кишвар эътимоду боварӣ ба роҳе, ки ин абармард интихоб кардааст, мустаҳкам гардид. Эмомалӣ Раҳмон бо рафтору ибтикори ҳамарӯзаи хеш, суханони таъсирбахш ва рафтори намунавиаш ба шаҳрвандони кишвар поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, посдории хотираи гузаштагон, меҳандӯстӣ ва худогоҳиро талқин намуда,бо ин хислатҳои неки худ роҳи пешгирифтаи мардумро дар ҷодаи душворгузару пурфарозу нишеби таърихӣ мунаввар сохт.

Бо ифтихору қаноатмандӣ зикр бояд сохт, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор шуд, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри бунёди пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта  шуд, ки боиси ба вуҷуд омадани як давлати воҳид, рӯ ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид. Ҳамзамон таҳкурсии гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад ва бо вуҷуди ҳама мушкилот, давлати соҳибистиқлоламон муназзам рушд мекунад ва пайванди ҷомеа бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад.

Дар давраи навини давлатдорӣ шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол боз аз сари нав  баҳри пирӯзии истиқлолияти давлатӣ Парчами Ватани азизамонро дар олам партавфишон намуданд, низоми давлатдориро дар кишвар устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.

Ҳамватанони азиз хуб ёд доранд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2006 дар барномаи пешазинтихоботии худ рушди афзалиятноки саноат, хусусан, саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъдан, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмили сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори куллан нави идораи иқтисодиёт, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо, дар асоси салоҳияти касбӣ баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ва махсусан таъмини амнияти озуқавории кишвар, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсиониро аз ҷумлаи вазифаҳои стратегии марҳилаи нави давлатдорӣ эълон намуда буд.

Муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки  давоми ҳафт соли сипаришуда дар баробари иҷро гардидани барномаҳои стратегии зикргардида боз даҳҳо нақшаҳои миёнамуҳлати дигар низ дар  ҷумҳурӣ татбиқ ёфтанд. Ин дастовардҳо боис шуданд, ки дар ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оянд. Мо бояд ба ин ҳама пешравиҳо воқеъбинона баҳогузорӣ намоем ва таҳаввулот дар фарҳанги сиёсӣ, афкори ҷомеа, инчунин тағйироти куллӣ дар рӯҳия ва афкори оммаро, бешубҳа, ҳамчун омили нақши шахсияти  ин абармард эътироф кунем.

Тибқи маълумоти оморӣ, давоми солҳои 2006-2012 сармоягузории хориҷӣ беш аз 20 миллиард сомониро ташкил додааст. Дар ҳафт соли охир барои фаъолияти бахши хусусӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ, фазои мусоид фароҳам оварда шуд. Чорабиниҳои дар ин муддат амалигардида, махсусан қонунигардонии молумулк ва маблағҳои шаҳрвандон, эълон гардидани моратория ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ, татбиқи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ, тақвият бахшидани ҳамкории байни давлат ва бахши хусусӣ ва қабули «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020» ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Ба сифати соҳибкор аз он изҳори қаноатмандӣ менамоям, ки дар доираи иҷрои нуктаҳои Паёми Президенти кишвар аз 1-уми январи соли 2013 Кодекси андоз дар таҳрири нав мавриди татбиқ қарор дода шуд. Дар ин Кодекс барои фаъолияти соҳибкорӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои муосири истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ зиёда аз 240 имтиёз пешбинӣ гардидааст. Танҳо дар соли ҷорӣ барои ин  субъектҳои хоҷагидорӣ маблағи имтиёзҳо беш аз 3,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Далелу арқоми мавҷуда гувоҳи онанд, ки Барномаи пешазинтихоботии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи рушди саноат, сохтмони роҳҳо, бунёди нақбҳо ва аз ин ҳисоб зиёд намудани ҷойҳои корӣ низ амалӣ шуда, ба рушди самараноки ин соҳаҳо асос гузоштааст. Тӯли соли 2013 дар мамлакат бунёди 209 корхонаи нави саноатӣ бо 8 ҳазор ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб аллакай дар нуҳ моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 150 корхонаи истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифта, зиёда аз 4500 ҷойи нави корӣ муҳайё гардид.

Давоми ҳафт соли охир баҳри раҳо ёфтани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баромадан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб 4,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардид. Дар натиҷа, 1700 километр роҳҳои мошингард бунёд ва таҷдид гардида, 109 пул ва 31 километр нақб сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Нақбҳои калонтарин, монанди «Истиқлол», «Шаҳристон», «Шаршар», «Хатлон» роҳҳоро кӯтоҳ намуда, ба мардум шароити хуби тиҷоратро муҳайё ва минтақаҳоро бо ҳамдигар пайваст намуданд.Дар баробари ин, Ҳукумати кишвар ба ҳалли масъалаи бунёди роҳҳои алтернативии минтақавӣ афзалият дода,бо ин васила доираи ҳамгироии иқтисодиро тавсеа бахшида, дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии коммуникатсионӣ мутобиқ ба меъёрҳои муосир иқдоми нахустинро амалӣ намуда истодааст. Бо ин мақсад татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон оғоз шуд, ки он дар ояндаи наздик омили муҳими рушди иқтисоди кишварамон ва давлатҳои минтақа мегардад

Тибқи Барномаи пешазинтихобии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафт соли оянда тавсеа ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амният, волоияти қонун, муборизаи беамон бар зидди коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини рушди устувори кишвар бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илмию технологии муосир ва дигар вазифаҳои афзалиятноки аввалиндараҷаро баҳри фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ дар Ватани маҳбубамон аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа интихоб ва эътироф намудааст.

Соҳибкорони кишвар ба хубӣ дарк менамоянд, ки ба шарофати ҳамроҳ шудани ҷумҳурӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо имконоти рушди иқтисодии кишвар боз ҳам бештар хоҳад гашт. Узвияти Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри дорои сифати баланди мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва қобили рақобат такони ҷиддӣ бахшида, инчунин ба зиёд шудани гардиши савдои хориҷӣ, фоидаовар гардидани истеҳсоли молҳои ватании ба содирот нигаронида ва зиёд шудани рақобатпазирии онҳо, болоравии маърифатнокии соҳибкорони ватанӣ ва афзоиши сармоягузории хориҷӣ мусоидат менамояд.

Ба ҳайси раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳияи Ҳисор мехоҳам аз иқдоми ҷадиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор ёдовар шавам, ки  моҳи сентябри соли 2015 таҷлил мегардад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни машварати корӣ доир ба раванди омодагиҳо ба ҷашни фавқуззикр чунин таъкид дошт: «Ҳадафи асосӣ аз таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин диёри маъруфи бостонӣ, ободу зебо намудани он ва ба шаҳри зебои муосир табдил додани маркази ноҳия аст».

Тибқи нақша дар доираи омодагӣ ба ин ҷашн аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар сарчашмаҳои марказии маблағгузорӣ, буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорони ноҳияи Ҳисор даҳҳо иншооти нави замонавӣ бунёд ёфта, садҳо ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад. Дар машварати зикршуда банда ба Сарвари давлат ваъда додам, ки дар маркази ноҳияи Ҳисор як мактаб, ду кӯдакистон, як бинои шашошёнаи истиқоматӣ ва як шаҳраки замонавии иборат аз 187 хонаи истиқоматии ду ва сеошёна бунёд менамоям. Аллакай вобаста ба иҷрои ин ниятҳо корҳои зиёде амалӣ шудаанд ва бо дарки масъулият мегӯям, ки татбиқи онҳо аз ҷониби ман пурра таъмин хоҳад шуд. Эътироф бояд кард, ки давоми солҳои охир мо — соҳибкорон мунтазам аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдорем. Ҳоло вақти он расидааст, ки соҳибкорон низ дар посухи ин ғамхориҳо фаъолияташонро ба нафъи миллату меҳан  густариш бахшанд. Яъне, мо бояд бо истифода аз имконоти мавҷуда, дар раванди бунёдкориҳо саҳмгузор бошем.

Барномаи пешазинтихоботии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат ва рушди босуботи ҷомеа равона гардида, дар он манфиатҳои миллию давлатӣ дар мадди аввал қарор гирифтаанд.  Бо истифода аз фурсати муносиб, аз ҳамватанони азиз даъват ба амал меорам, ки дар интихоботе, ки рӯзи 6- уми ноябри соли ҷорӣ доир мегардад, ба тарафдории ин абармард овоз диҳанд.Бидуни муболиға ва шакку шубҳа метавон гуфт, ки  бо анҷоми ин амал мо барои ваҳдати комил, сулҳу субот ва амнияти сартосарӣ дар ҷумҳурӣ овоз дода, дар раванди тараққиёти устувори кишвари азизамон комёб ва бо интихоби дурусти худ барои ояндаи мамлакат саҳми арзандаи хешро мегузорем.

Рустам Саидов, директори генералии ҶСП «Холдинги Контгрупп Тоҷикистон», раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳияи Ҳисор