Варзишгарони маъюб мусобиқа мекунанд

№36-37 (3021-3022) 21.03.2013

ҲИСОР. (Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум») Дар ноҳияи Ҳисор санаи 30-31 марти соли равон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бадминтон, шоҳмот ва шашка байни варзишгарони маъюб доир мегардад. Дар ин мусобиқа варзишгарони синни то 22 — сола аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ширкат хоҳанд кард. Ғолибон бо медалу ифтихорномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор қадрдонӣ хоҳанд шуд.