Ярмаркаи наврӯзӣ дар Файзобод

№36-37 (3021-3022) 21.03.2013

ФАЙЗОБОД. (Маҷид ҲОМИДОВ) Дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз кишоварзони ноҳияҳои Ғончӣ ва Айнии вилояти Суғд ва ноҳияҳои Қумсангиру Қубодиёни вилояти Хатлон  дар ноҳияи Файзобод ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзиро ташкил намуданд. Онҳо дар ярмарка маҳсулоти кишоварзӣ — картошка, пиёз, сабзӣ,  меваю сабзавот  ва асалро нисбат ба нархҳои бозор арзонтар пешкаши  сокинони ин ноҳия карданд.