Нуробод. То соли 2020-ум 202 иншоот бунёду навсозӣ мешавад

№113 (4063) 21.09.2019

НурободИмрӯзҳо пеши назари мардум ҳар лаҳза симои шаҳру деҳ дар водии Рашт дигаргун гашта, кӯчаю растаҳои нав обод карда мешаванд, биноҳои замонавӣ дар оғӯши кӯҳҳои сарбафалаккашида қомат меафрозанд. Корхонаҳо бунёд мегарданд. Садҳо майдончаи варзишӣ барои насли наврасу ҷавон бунёд мегарданд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки Раштонзамин таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва Ҳукумати мамлакат барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободу зебо гардонидани он пайваста тадбирҳои судманд меандешад.

 Тавре раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дӯстзода зикр кард, шаҳраки Дарбанд аз ҷумлаи мавзеъҳои аҳолинишини навбунёд мебошад, ки бо дастгирии Пешвои миллат дар натиҷаи татбиқи нақшаи генералии ноҳия тадриҷан симояшро тағйир дода, ба макони замонавӣ табдил ёфта истодааст. Ҳоло сохтмони биноҳои гуногун дар Дарбанд идома доранд.

Пешвои миллат зимни сафари корӣ ба Нуробод мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро муваззаф карданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, сармоягузорону соҳибкорон ва аҳолӣ ҷиҳати босифат амалӣ гардидани барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва нақшаи ободониву бунёдкориҳо ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тамоми захираю имконият истифода намояд.

- Дар асоси «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2018-2020» таҳия шудааст, ки мавриди амал қарор дорад, — гуфт Ҳасан Дӯстзода ва афзуд, ки тибқи он бунёду навсозии 202 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба маблағи 182 миллиону 47 ҳазор сомонӣ дар назар дошта шудааст. Соли 2017 дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳо 24 иншоот ба маблағи 21119694 сомонӣ ва соли гузашта 18 иншоот ба маблағи 32876700 сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Нақшаи корҳои ободонӣ, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия намудааст, бунёду таъмири 248 иншооти таъиноти гуногунро дар бар мегирад. Аз ин ҳисоб то ба ҳол 93 иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, беш аз 12,5 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалии Ваҳдат — Нуробод — Рашт — сарҳади Қирғизистон бо сифати баланд таҷдид ва асфалтпӯш карда шуд.

- Дар асоси дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат ҷиҳати вусъат додани бунёдкорӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ба роҳбарият ва сокинони ноҳия доданд, нақшаи кориро тарҳрезӣ карда, шаҳрвандон, кормандони идораю корхонаҳо ва соҳибкоронро ба татбиқи саривақтии онҳо сафарбар намудем. Аз ҷумла, дар байни деҳаҳо ва коллективҳои меҳнатӣ озмунҳои «Соҳибкори муваффақи сол», «Ташкилоти беҳтарин» ва «Ҷамоати беҳтарин» ба роҳ монда шудааст. Тавре Пешвои миллат зикр карданд: «Дар Нуробод, ки дорои захираҳои фаровони ашёи хом, махсусан, маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, тавассути бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ташкили ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, зиёд кардани содироти маҳсулоти ватанӣ ва афзоиши даромади аҳолиро таъмин кардан мумкин аст». Мардум бовар доранд, ки маҳз бо ҳидояти Сардори давлат метавонанд дар сарҷамъӣ Тоҷикистонро ба як кишвари орому осуда ва ободу пешрафта табдил диҳанд. Бо ҳамин ниятҳои наҷиб онҳо пайи ободии диёр самимонаву содиқона заҳмат хоҳанд кашид, — гуфт Ҳасан Дӯстзода.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»