Қодир Ашӯров: «Як тайёра ва се танки душманро аз кор баровардам»

№56 - 57 (3850-3851) 08.05.2018

DSC00089Дар мубориза бар зидди фашизми гитлерӣ аз ноҳияи Варзоб зиёда аз ду ҳазор нафар иштирок намуда, далерӣ нишон додаанд. Аз ин шумора 1200 нафар қурбони ҷанги хонумонсӯз гардидаанд. Аз 800 нафаре, ки бо сари баланд ба Ватан баргаштанд, 8 нафар боқӣ мондаанд.

Қодир Ашӯров – сокин деҳаи Беғари ноҳияи Варзоб яке онҳост.

Чанд рӯз пеш бо раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Шамсиддин Махкамов ӯро аёдат намудем.

- Имсол пирӣ ба ман асар кард. Бубинед, акнун бо кумаки асобағал мехезаму роҳ меравам. Ва шӯхиомез: — Эҳ бабай, бабай! — гӯён моро пешвоз гирифт бобои Қодир.

Суҳбати мо бо ӯ сари як пиёла чой қӯр гирифт.

- Моҳи сентябри соли 1942 17 — сола будам. Ҷавононе, ки ба синни 18 расида буданд, ба ҷанг мерафтанд. Ман ихтиёран ба онҳо ҳамроҳ шудам. Он рӯз мо — чор нафар аз деҳаи Беғар ба ҷанг рафтем. Дар деҳаи Чорбоғ моро раиси хоҷагӣ Аҳмад Ашӯров пешвоз гирифта, хоҳиш кард, ки аз ангурҳои навчидааш даҳон ширин кунем. Писари раис ҳам дар гурӯҳи мо буд. Моро аз Душанбе ба вилояти Пенза бурданд. Он ҷо истифодаи автомати «Калашников», пулемёти дастӣ ва норинҷакро омӯхтем, — ба қиссаҳои ҷангиаш оғоз бахшид ӯ ва баъди андаке сукут идома дод: — 7 ноябри соли 1942 бо супориши Сарфармондеҳи Олӣ, маршали Иттифоқи Советӣ Иосиф Сталин ҷанговарони шӯравӣ бо техника ва аслиҳаи ҷангӣ дар Майдони Сурх аз паради ҳарбӣ гузашта, ба ҷанг равон шуданд. Солҳои 1941- 1945 давраи аз ҳама шадидтарини ҷанг буд.

Қисми ҳарбии мо, ки пиёдагарду артиллерӣ буд, баҳори соли 1943 дар озод кардани Днепропетровск, Харков иштирок намуд. Сипас, дар озод кардани шаҳрҳои Киев, Воронеж, Житомир, Лвов, сарҳади Полша ва воридшавӣ ба шаҳри Мински Беларус саҳм гирифт. Шаҳри Харков ду маротиба аз даст ба даст гузашт. Соли 1944 шаҳри Киев аз фашистон озод карда шуд ва қисми моро ба армияи 143 — юми артиллерии Украина, ки фармондеҳии онро маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Рокосовский ба уҳда дошт, ҳамроҳ карданд. Сипас, 15 рӯз дар шаҳри Киев ба гӯронидани ҷасадҳо  машғул шудем.

Тирамоҳи соли 1944, зимни озод кардани деҳаҳои наздисарҳадии Беларус ба муқовимати шадиди душман  рӯ ба рӯ шудем, вале истодагарӣ намуда, қисми зиёдашро нест карда, қисмеро ба муҳосира гирифтем. Ҳамон вақт бонги хатар садо дод. Фармондеҳон эълон карданд, ки фашистон бо тайёра ва танкҳо боз ба ҳуҷум гузаштанд. Ман бо пулемёти дастӣ тайёраи ҷангии душманро ба нишон гирифта, онро дар осмон таркондам. Сипас, ба самти ҳуҷуми танкҳо  раҳсипор шуда, бо  норинҷак се  танки дигарро аз кор баровардам ва аз таркиши бомбаи фашистон сахт захмӣ шудам. Шикамам чок ва ду ангушти дасти чапам ҷудо шуд. Таъҷилан маро ба госпитали шаҳри Лутскийи Ҷумҳурии Беларус буданд. Баъди як моҳи ҷарроҳӣ бо супориши фармондеҳи армия, маршал Рокосовский ман ва чанд нафари дигарро ба  госпитали шаҳри Саратов ва баъди 3 рӯз ба шаҳри Барҷомии Гурҷистон фиристоданд. Баъди табобати дурудароз тавассути баҳри Каспий ба шаҳри Ашқобод ва аз он ҷо ба зодгоҳ  баргаштам.

Баъди ҷанг бо супориши  Назаршо Додхудоев маро дар НКВД- и ноҳияи Варзоб ба ҳайси нозири минтақа ба кор  гирифтанд. 12 сол дар минтақаи Такоб адои ин вазифа ва 15 сол дар шахтаи Кондара кор кардам. Аз соли 1975  нафақахӯрам.

Алҳол Қодир Ашӯров дар ҳалқаи нуҳ фарзанд ва набераю абера давлати пирӣ меронад. Бари синаи ӯро зиёда аз 20 ордену медали ҷангӣ, аз ҷумла ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Барои шуҷоат», «Барои хизматҳои шоён», «Барои Ғалаба», медалҳои «Иосиф Сталин», «Жуков» ва ғайра оро медиҳанд.

Бобои Қодир Ашӯров аз зиндагии хеш қаноатманд аст. Шукрона мекунад, ки чунин Ватани ободу зебо дорем.

- Ғамхориву сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки моро хор шудан намемонанд. Намояндагони масъули давлатӣ аз ҷамоати деҳот ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб зуд- зуд меҳмон гардида, аз шароити зисту зиндагиам бохабар мешаванд. Сол то сол дастгириву ёрии Давлату Ҳукуматро бештар эҳсос мекунем. Солҳои пеш дар арафаи Рӯзи Ғалаба аз номи Пешвои миллат ба иштирокчиёни ҷанг 1000 сомонӣ кумакпулӣ медоданд. Соли гузаш­та се ҳазор сомонӣ кумакпулии Президент ба дасти мо расид, ки хеле сипосгузорем. Ба мо ёрии иҷтимоӣ низ расонда мешавад. Духтурони беморхонаи марказии ноҳия ҳафтае ду маротиба омада, аз ҳолам хабар мегиранд ва барои истироҳат ба осоишгоҳҳо низ даъват мекунанд, — изҳор дошт ӯ.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»