Оинҳои наврӯзии Раштонзамин

№31 (3981) 21.03.2019

Яке аз оинҳои наврӯзӣ гулгардонист. Гулгардонӣ дар ҳар давру замон хусусиятҳои худро дошт. Чунон ки пирон ёдоварӣ мекунанд, дар навоҳии Рашт низ ин маросими миллӣ ва соли нави аҷдодӣ аз замонҳои хеле дур бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мешуд. Ибтидо бачаҳо ба хонаҳо гул мебурданд. Он гул аз даст ба даст мегузашту бачаҳо тоқии гулдӯзиро аз ҳадяҳои наврӯзӣ пур мекарданд. Калонсолон бо меҳру муҳаббати хоса гули наврӯзиро мебӯсиданд, ба чашм мебурданду мегуфтанд: «Вазниниҳои ман аз тую сабукиҳои ту аз ман». Чунин муносибат беҳуда набуд. Агар касе ҳамон рӯз солиму сиҳат бошад, то Наврӯзи дигар ҳамон хел мемонад, таълим медоданд пирони рӯзгордида.

Байни ҷавонон «Гулгардонӣ» дигар буд. Бахусус байни толибилмон. Онҳо гурӯҳ — гурӯҳ довталаб шуда, ба деҳоти ҳамсоя гул мебурданд. Сипас, дар саҳни хонақоҳ мизбонони ҷавон меҳмонони ҳамсоли хешро қабул мекарданд. Рӯйи ҳам менишастанду чанд тан аз аҳли фазл ҳакам мешуданд. Байни ҷавонони ду деҳа баҳси илмӣ оғоз мегардид. Ибтидо бо ашъори ба Наврӯз бахшида баҳс шурӯъ мешуд, баъд дар ҳар боб дониши ҳамдигарро месанҷиданд. Фарҷоми кор агар мизбонон мағлуб мегардиданд, чорпоеро забҳ намуда, меҳмононро зиёфат медоданд ва сарупои нав мепӯшонданд. Агар меҳмонон бозиро мебохтанд, мизбонон саллаву ҷомаашонро меситониданд…

Суманак яке аз рамзҳои муҳими Нав­рӯз буда, пухтани он ба дилҳо сурур мебахшад. Мардум даври деги ҷӯшидаистодаи суманак мехонданд.

Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,

Дигарон дар хоб мо дафча занем.

Маъракаҳои наврӯзӣ дар ҷойҳои муайян гузаронида мешуданд ва бо номҳои махсус ёд мешуданд. Одамон дар базмгоҳ ҷамъ меомаданд. Хӯрокҳои болаззат мепухтанд. Шоирон шеър мегуфтанду қиссахонон қисса. Садои дафу чанг гӯши фалакро кар мекард. Дар гӯшае паҳлавонони номдор ба майдони гӯштӣ медаромаданд. Ҷои дигар чавгонбозӣ авҷ мегирифт. Дар деҳот ҷашни Наврӯз бо маъракаҳои ҷуфтбаророн, бузкашӣ, пойгаҳ, гӯштингирӣ ва маслиҳати ободонӣ оғоз меёфт.

Маъракаи «ҷуфтбаророн» рӯзи сеюми ҷашн шурӯъ мегардид. Ҷавонон ҷуфти барзаговҳои кориро ба сари замин мебурданд. Дар дегҳои калон умочи башир мепухтанд. Баъд пирон гирди дастархони пур аз нозу неъмат давра мегирифтанд. Баъди фотеҳа пирамард — деҳқоне як гӯшаи заминро шудгор мекард. Чун ба он канори мазраи замин мерасид, муштаи сипорро ба дасти ҷавоне медод. Деҳқони дигари маҳосинсафед дар доман тухми гандум мепошиду даст ба дуо бардошта, аз Худованд ҳосили фаровон таманно мекард. Он рӯз то бегоҳ ҷавонон бо нав­бат замин шудгор мекарданду дигарҳо ба базму бозӣ машғул мешуданд.

Яке аз оинҳои муҳими наврӯзӣ ободонӣ ва тозагист. Чанд рӯз пеш мардум ба ин кор шурӯъ менамуданд. Тозагӣ ва ободонӣ аз ҳавлии ҳар фард оғоз мегардид. Баъд тамоми шаҳр ё деҳаро дар бар мегирифт. Ҷойҳои вайроншударо таъмир ва биноҳоро сафед менамуданд.

Оташ афрӯхтан ва аз болои он ҷаҳидан то наздикиҳо дар манотиқи Рашт вуҷуд дошт. Бештар занон ин оинро дунболагирӣ доштанд. Он оини қадимаи наврӯзист. Онро ниёкон «чоршанбеи сурӣ» меномиданд. Дар шаби чоршанбе оташ афрӯхта, аз болои он меҷаҳиданд ва се бор ин суханонро ба забон меоварданд: «Сурхии ту аз ман, зардии ман аз ту».

Оини дигари наврӯзӣ  «Дарахти наврӯзист». Мардум пеш аз он ки ба Наврӯзгоҳ раванд, белу ниҳоле чанд гирифта, ба ягон ҷойи ба дил мувофиқ мерафтанд ва мегуфтанд: «Барои хайри мардум ва ба хотири шодгардонии Худованд дар ин рӯзи саид».

Маросими зикршуда чанд рӯз идома меёфту дар ин замина боғҳо бунёд мешуд. Наврӯзи дигар дар паҳлуи он боғ боз боғи нав бунёд мегардид…

Дар боби Наврӯз ҳар қадар ҳарф занем, кам аст. Зеро он қадар қиссаву ҳикоя ва саргузаштҳои ибратомӯз аз ниёкон дар робита ба ин ҷашн боқӣ мондааст, ки ҷилд — ҷилд китоб мешаванд.

 Диловари МИРЗО,  Садои мардум»