Ҷоизаи тиллоии Тоҷикистон дар EXPO — 2019 BEIJING»

№124 (4074) 17.10.2019

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO -2019 BEIJING», ки таҳти шиори «Боғдорӣ барои рушди деҳот» аз 29 апрел то 7 октябр дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор шуд, соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид.

Ҷоиза тибқи қарори Кумитаи тадорукоти намоишгоҳ, дар асоси хулосаи комиссияи байналмилалӣ дар номинатсияи «Майдонҳои дохилии намоишгоҳи байналмилалӣ» аз рӯи баҳогузории экспозитсияи намоишгоҳӣ, мутобиқати мавзӯъ, муаррифӣ ва ташкили кори павилион  ва тарҳи меъморӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуд.

Бояд таъкид намуд, ки аз гӯшаи Тоҷикистон рӯзҳои корӣ то 25 ҳазор ва истироҳатӣ то 45 ҳазор шаҳрванди хитойӣ ва хориҷӣ дидан намуданд. Дар намоишгоҳ беш аз 110 давлати ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва 120 музофот, шаҳр ва ташкилот аз Хитой  иштирок карданд.

Дар ин чорабинӣ дастовардҳои соҳаи боғдорӣ, аз ҷумла, меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тару тоза, меваҳои хушк, афшураҳои гуногун, асал, обҳои ташнагишикани «Сиёма» ва дигар маҳсулоти ширкат ва корхонаҳо муаррифӣ гардид.

Дар доираи намоишгоҳ ширкати «Абрикос ва компания» ба бозори калони Хитой барои фурӯши меваҳои хушк роҳ ёфта, намояндагии доимии худро дар ин кишвар таъсис дод.

Дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боғдорӣ ва кишоварзӣ, инчунин эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва иштироки Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO -2019 BEIJING» барои ноил гардидан ба ин дастовард нақши муҳим бозиданд.

Ҷ. Сабоҳиддин, «Садои мардум»